https://sputnik.tj/20210226/dukhtar-dushanbe-khudkushi-najot-1032892640.html
Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт
Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавондухтар ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд 26.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-26T10:34+0500
2021-02-26T10:34+0500
2021-02-26T12:35+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
душанбе
худкушӣ
духтар
наҷот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101668/90/1016689094_0:84:1601:984_1920x0_80_0_0_5861c81441f0cd8f0f9f44ed6f7b00dc.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.
https://sputnik.tj/20210201/Kudak-rud-Kofarnihon-qark-1032738705.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101668/90/1016689094_88:0:1511:1067_1920x0_80_0_0_ef01fd381ffa048637447398586fdb57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, душанбе, худкушӣ, духтар, наҷот
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, душанбе, худкушӣ, духтар, наҷот
Ҷавондухтари 24 - сола дар Душанбе, ки қасди худкушӣ кард, наҷот ёфт
10:34 26.02.2021 (Навсозишуда: 12:35 26.02.2021) Ҷавондухтар ҳоло дар беморхона қарор дорад ва табибон вазъи саломатии ӯро мӯътадил арзёбӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Сокини 24 - солаи пойтахт аз худкушӣ наҷот ёфт, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, номбурда шоми рӯзи 25 феврал, тахминан соати 21:00 худро ба дарёи Душанбе андохт.
Гуфта мешавад, ӯ пас аз як муноқишаи оилавӣ ба мақсади худкушӣ аз хона баромада, ба назди дарёи Душанбеи кӯчаи Соҳилии пойтахт омад ва худро ғарқи оби дарё намудааст.
Дар ҳамин ҳол, кормандони Хадамоти давлатии "Муҳофиза"- и ВУД, ки дар қисмати қафои даромадгоҳи муассисаи давлатии тандурустии "Истиқлол" хизмат мебурданд бо шунидани сару садо зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.
"Кормандони хадамоти мазкур, ҷавондухтарро аз марг наҷот дода, ӯро зуд ба бемористон бурданд", - таъкид мешавад дар хабар.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло ин духтар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор дорад ва вазъи саломатии ӯ мӯътадил аст.