Изҳороти Иргашев: дар соли 2027 президент шуданист

© саҳифаи фейсбукии худпешбар Фаромӯз ИргашшовФаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон
Фаромӯз Иргашов, худпешбар ба мақоми президентӣ дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2021
Обуна шудан
Фаромуз Иргашев дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурӣ номзадии худро пешниҳод кард, вале ба далелӣ кофӣ набудани теъдоди имзоҳои ҷамъоварда, аз сабқат канор монд
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Фаромуз Иргашев мегӯяд, зиндагии ӯ пас аз интихоботи ахири президентӣ дар Тоҷикистон тағйир наёфт. Ӯ мегӯяд, чун пештара дар талоши зиндагӣ аст ва ба хондану хизмат расондан ба мардуми Бадахшон машғул аст.
Маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.10.2020
Муруре ба таърих: 7 акси ҷолиб аз маросими савгандёдкунии Раҳмон дар 7 соли пеш
Иргашев дар мусоҳиба ба сомонаи "Ширчой" далели роҳ наёфтани худ ба сабқати асосии интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон шарҳ дод. Адвокати ҷавон омили асосиро ба бетаҷрибагии худ рабт медиҳад. Ҳамчунин, ба гуфтаи ӯ омода набудани мардум низ як сабаби канор монданаш аз интихобот шуд.
Иргашев танҳо нафаре буд, ки талош кард аз тариқи худпешбарӣ номзадии худро дар интихоботи президентии Тоҷикистон бигузорад.
Ӯ мегӯяд, нахустин бор ин фикр дар сараш замоне пайдо шуд, ки раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон синни номзадҳо ба президентиро аз 35 ба 30 сол поин кард.
"Ман баъди ин тағйирот дар системаи интихоботи президентӣ ба дӯстонам мегуфтам, ки ин кор махсус барои ман анҷом шудааст ва ҳатман бояд номзадии худро пешбарӣ кунам", - шарҳ додааст Иргашев.
Гузашта аз ин, ҳуқуқшинос таъйид намуд, ки 7 сол аз ҳуқуқу манфиатҳои мардум ҳимоя мекард ва давоми ин солҳо, шоҳиди бедодгарии зиёди кормандони давлатӣ шуд.
Ӯ аз ҷумла, аз қадр надоштани ҷони инсон, ба ҷавобгарӣ кашида нашудани қотилон, фиреб додани одамони солманд, барои гуноҳи ночиз ба мудатҳои тӯлонӣ равона шудани ҷавонон ба зиндон, аз фасоду хешутаборбозии рӯи рост изҳори нигаронӣ намудаст.
"Танҳо ба хотири пешгирӣ кардан аз ин гуна бедодгариҳо номзадии худро пешбарӣ кардам, аммо мутаассифона талоши ман бенатиҷа монд", - афзудааст адвокати ҷавон.
Фаромӯз мегӯяд, ҳоло дар пайи пайдо кардани донишгоҳ аст, чун зиёд мехоҳад таҳсилашро идома диҳад. Ӯ гуфт то пайдо кардани донишгоҳ дар хизмати халқу ватан аст. 
Мужчина на избирательном участке в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.10.2020
Нозирони ИДМ интихобот дар Тоҷикистонро шаффоф ва рақобатпазир хонданд
"Агар имкони таҳсил карданро дарёфт накардам, корамро дар шаҳри Хоруғ идома медиҳам ва соли 2027 - ро интизор мешавам", - бо табассум изҳор намудааст Фаромуз.
Ёдовар мешавем, ки тасмими Фаромуз Иргашев дар мавриди аз тариқи худпешбарӣ иштирок кардан дар интихоботи президентии Тоҷикистон, сару садоҳои зиёдеро ба миён овард.
Бархе мегуфтанд, ӯ як бозигари "худӣ" - и ҳукумат аст, аммо бархеи дигар бар ин бовар буданд, ки ӯро кадом дастае аз хориҷу дохил ба ин майдон партоб кард.
Он замон, Фаромуз дар посух ба ҳамаи ин итиҳомот мегуфт, ки фақат такя ба мардуми одӣ ва давлати Тоҷикистон мекунад.
Лентаи хабарҳо
0