https://sputnik.tj/20210226/Darguzasht-general-Oripov-1032892507.html
Даргузашти генерал Орипов: собиқ раиси Кумитаи андоз ва вакили парлумон
Даргузашти генерал Орипов: собиқ раиси Кумитаи андоз ва вакили парлумон
Sputnik Тоҷикистон
Шаби гузашта Абдуллоҷон Орифов, арбоби барҷастаи давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ ва собиқ вакили парлумони Тоҷикистон дар синни 80-cолагӣ аз олам даргузашт 26.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-26T09:59+0500
2021-02-26T09:59+0500
2021-02-26T12:29+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/17/1029361750_0:63:1201:738_1920x0_80_0_0_f4b38a228dc83a5718c500e876ab0a32.jpg
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар ин бора рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.Ба навиштаи Ҷамолиён, Абдуллоҷон Орипов ҳамагӣ чанд рӯз муқаддам 80 - умин солгардашро таҷлил карда буд."Устод Абдуллоҷон Орипов низ моро тарк гуфтанд. Ҳамагӣ чанд рӯз муқаддам 80 - умин солгарди ин инсони накӯ ва олими барҷаста, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор, аввалин раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, генерали соҳаи молиёт Абдуллоҷон Ориповро ҷашн гирифта будем",- навиштааст рӯзноманигор.Ба гуфтаи ӯ Орипов тайи солҳои охир аз беморӣ ранҷ мекашид.Абдуллоҷон Орипов соли 1941 дар деҳаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви ҳақиқии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ мебошад.Номбурда дар вазифаҳои, иқтисодчии калон, сариқтисодшинос, мудири шӯъбаи банақшагирии меҳнат, сардори маъмурияти банақшагирӣ, раиси иттифоқҳои касаба, ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент, муовини мудири кафедра, декани факултаи омодагӣ, котиби ташкилоти партиявии маъмурияти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, декани факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор кардааст.Ҳамзамон соли 1992 раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон буд ва баъдан дар мансабҳои муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , проректор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон кор кард.Аз соли 2000 - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд No13 интихоб шуд.Даргузашти Дӯстмурод Уроқов, иқтисодшиносу адиби тоҷик-аксУзви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод, буҷа, молия ва андоз буд.
https://sputnik.tj/20210220/Nosir-Hasanov-hunarmand-darguzasht-1032863186.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102936/17/1029361750_66:0:1133:800_1920x0_80_0_0_919c49d852aed66443b74bced819821f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон
Даргузашти генерал Орипов: собиқ раиси Кумитаи андоз ва вакили парлумон
09:59 26.02.2021 (Навсозишуда: 12:29 26.02.2021) Шаби гузашта Абдуллоҷон Орифов, арбоби барҷастаи давлатӣ, доктори илмҳои иқтисодӣ ва собиқ вакили парлумони Тоҷикистон дар синни 80-cолагӣ аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар ин бора рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.
Ба навиштаи Ҷамолиён, Абдуллоҷон Орипов ҳамагӣ чанд рӯз муқаддам 80 - умин солгардашро таҷлил карда буд.
"Устод Абдуллоҷон Орипов низ моро тарк гуфтанд. Ҳамагӣ чанд рӯз муқаддам 80 - умин солгарди ин инсони накӯ ва олими барҷаста, доктори илмҳои иқтисодӣ профессор, аввалин раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, генерали соҳаи молиёт Абдуллоҷон Ориповро ҷашн гирифта будем",- навиштааст рӯзноманигор.
Ба гуфтаи ӯ Орипов тайи солҳои охир аз беморӣ ранҷ мекашид.
Абдуллоҷон Орипов соли 1941 дар деҳаи Румони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви ҳақиқии Академияи байналмилалии мактабҳои олӣ мебошад.
Номбурда дар вазифаҳои, иқтисодчии калон, сариқтисодшинос, мудири шӯъбаи банақшагирии меҳнат, сардори маъмурияти банақшагирӣ, раиси иттифоқҳои касаба, ассистент, аспирант, муаллими калон, дотсент, муовини мудири кафедра, декани факултаи омодагӣ, котиби ташкилоти партиявии маъмурияти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, декани факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кор кардааст.
Ҳамзамон соли 1992 раҳбари Кумитаи андози Тоҷикистон буд ва баъдан дар мансабҳои муовини якуми раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , проректор, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон кор кард.
Аз соли 2000 - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Хуҷанд No13 интихоб шуд.
Узви фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод, буҷа, молия ва андоз буд.