Ҳавои барфию боронӣ дар Тоҷикистон чанд рӯзи дигар давом мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Обуна шудан
Чанд рӯзи дигар боду ҳавои Тоҷикистон ноустувор боқӣ мемонад. Аз ҳисоби боришоти барфу борон, ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳо ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Интизор меравад, ҳавои ноустувори Тоҷикистон то 26 феврал идома меёбад.
Бар хабари Ожонси обуҳавошиносӣ, дар ноҳияҳои кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дар ғарби ВМКБ, фаромадани тарма ва дар водиҳо ва ноҳияҳои наздикӯҳии вилояти Хатлон фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.
Сел дар Даштак. Дарвоз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.02.2021
Се рӯзи сардӣ ва барфу борон: ҳушдор аз тарма дар ВМКБ, сел дар Хатлон ва зарари боғу кишт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе барф меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзон 2 дарафҷа гамр, аммо шабона то 3 дараҷа сардӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар ноҳияҳои алоҳидаи ВМКБ низ барф меборад. Дар ғарби вилоят рӯзона 2 ва шабона 5 дараҷа сард шудани ҳаво пешгӯӣ мешавад. Дар шарқи ин вилоят бошад, рӯзона 7 ва шабона 21 дараҷа сардӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд низ боридани барф пешгӯӣ мешавад. Дамои ҳаво рӯзона 5 ва шабона 8 дараҷа хунук мешавад.
Ҳавои  вилояти Хатлон ҳам борону барфӣ мешавад. Рӯзона ҳаво 2 дараҷа гамр, аммо шабона то 5 дараҷа сард мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ борону барф дар назар аст. Дамои ҳаво шабона ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0