Ҷаҳиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон: сомонӣ заиф мешавад

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2021
Обуна шудан
Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз охири ҳафтаи гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ин болоравии якбораи рублу доллару евро дар баробари сомонӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.
Доллары в руках - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2021
Пешгӯиҳо дар мавриди қурби рублу доллар дар моҳи март
Қурби рубл, ки чанде қабл поин рафта буд, давоми ҳафтаи равон ба таври назаррас боло рафт.
Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар, арзиши рубл танҳо давоми як шабонарӯз беш аз 3 сомонӣ гарон шуд. Ҳоло барои 1000 рубл дар кишвар 155 сомону 30 дирам муқаррар шудааст.
Доллар низ пас аз каме боло рафтан дорад ба нишондоди аввали худ бармегардад ва имрӯз як доллар дар Тоҷикистон 11,3045 сомонӣ арзиш дорад.
Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он тули чанд муддат аст, ки калобанда дар марзи 13,6500 то 13,7500 қарор мегирад. Ин ниҳод қурби як евро барои 25 феврал 13,7169 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.
Чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар қарздоранд
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.
Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0