https://sputnik.tj/20210225/kormandon-qarz-maosh-Furudgoh-Khujand-1032889596.html
Аз рухсатии бемузди кормандон то қарзи маош: зарбаи ҷиддии пандемия ба Фурудгоҳи Хуҷанд
Аз рухсатии бемузди кормандон то қарзи маош: зарбаи ҷиддии пандемия ба Фурудгоҳи Хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
Парвоз нест, даромад ҳам нест: гуфта шуд, ки COVID-19, чи қадар ба хазинаи Фурудгоҳи Хуҷанд зарба задааст 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T18:00+0500
2021-02-25T18:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
нақлиёт
суғд
фурудгоҳ
парвоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032889353_333:0:3533:1800_1920x0_80_0_0_db4ce2acb89997b5e66e6455d45a86d3.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев – Sputnik. Бино ба маълумоте, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ироа гардид, дар қиёс ба соли 2019, сатҳи даромади Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд соли гузашта 122 милиону 848 ҳазор сомонӣ кам шудааст.Соли 2019 ин корхонаи вилояти Суғд ба андозаи 81 миллиону 660 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст оварда буд.Юсуф Маюсуфов, котиби матбуотии Фурудгоҳи Хуҷанд иброз намуд, ки ба дунболи коҳиш ёфтани сатҳи даромад ҳаҷми хароҷот ҳам дар ин давра ба маблағи 34 милиону 819 ҳазор сомонӣ кам гардид.“Фурудгоҳ натиҷаҳои молиявии худро дар соли 2020 ба маблағи 6 милиону 368 ҳазор сомонӣ зарар ҷамбаст намудааст”, гуфт Маюсуфов.Масъулин дар нишасти матбуотӣ иброз намуданд, ки соли 2020, аз 2592 адад ҷамъи хатсайрҳои банақшагирифташуда, танҳо 619 парвоз сурат гирифта, бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19, 1979 парвози ҳавопаймоӣ иҷро нашудааст.Фурудгоҳи Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ ба 152 621 мусофир хизмат расонидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 77 % коҳиш ёфтааст.Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз ҷониби ширкати ватании “Somon Air” ва ширкатҳои байналмиллалии “Сибир”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”, “Рус Аэро”, “Tianjin Airnines” ва “Bon Air Havacilik” анҷом дода шудааст.Роҳбарони Фурудгоҳи Хуҷанд ҳамчунин гуфтанд, ки бинобар қатъ гардидани парвозҳои мунтазами ҳавопаймоӣ ва коҳиш ёфтани ҳаҷми кору хизматрасонӣ, шурӯъ аз моҳи марти соли 2020, 70 % ё ҳудуди 600 нафар аз 824 кормандро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.Коҳиши парвозҳо: ширкатҳои ҳавоию фурудгоҳҳо чанд миллиард зарар диданд?Айни ҳол маблағи қарзи музди меҳнати кормандони ин корхона ба 350 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон низ гуфта буд, солҳои қаблӣ бо фурудгоҳҳо мушкил дар андозсупорӣ надошт, аммо имсол Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 31 миллион сомонӣ қарздор шудааст.Масъулин таъкид меварзанд, ки Фурудгоҳи Хуҷанд барои қабул ва гусели парвозҳои байналмилалӣ омода аст.
https://sputnik.tj/20210218/Az-Toiktelekom-to-Roun-u-TALKO--Kumitai-andoz-kalontarin-arzdoronashro-guft-1032846713.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/19/1032889353_733:0:3133:1800_1920x0_80_0_0_06ca2d2e70511c7e870a8c5a18bb7bd3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт, суғд, фурудгоҳ, парвоз
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, нақлиёт, суғд, фурудгоҳ, парвоз
Аз рухсатии бемузди кормандон то қарзи маош: зарбаи ҷиддии пандемия ба Фурудгоҳи Хуҷанд
18:00 25.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Парвоз нест, даромад ҳам нест: гуфта шуд, ки COVID-19, чи қадар ба хазинаи Фурудгоҳи Хуҷанд зарба задааст
ДУШАНБЕ, 25 фев – Sputnik. Бино ба маълумоте, ки имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ироа гардид, дар қиёс ба соли 2019, сатҳи даромади Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд соли гузашта 122 милиону 848 ҳазор сомонӣ кам шудааст.
Соли 2019 ин корхонаи вилояти Суғд ба андозаи 81 миллиону 660 ҳазор сомонӣ даромади соф ба даст оварда буд.
Юсуф Маюсуфов, котиби матбуотии Фурудгоҳи Хуҷанд иброз намуд, ки ба дунболи коҳиш ёфтани сатҳи даромад ҳаҷми хароҷот ҳам дар ин давра ба маблағи 34 милиону 819 ҳазор сомонӣ кам гардид.
“Фурудгоҳ натиҷаҳои молиявии худро дар соли 2020 ба маблағи 6 милиону 368 ҳазор сомонӣ зарар ҷамбаст намудааст”, гуфт Маюсуфов.
Масъулин дар нишасти матбуотӣ иброз намуданд, ки соли 2020, аз 2592 адад ҷамъи хатсайрҳои банақшагирифташуда, танҳо 619 парвоз сурат гирифта, бо сабаби хуруҷи пандемияи COVID-19, 1979 парвози ҳавопаймоӣ иҷро нашудааст.
Фурудгоҳи Хуҷанд дар давраи ҳисоботӣ ба 152 621 мусофир хизмат расонидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2019, 77 % коҳиш ёфтааст.
“Соли гузашта 94 ҳазору 528 мусофир гусел карда шуда ва ҳамагӣ 58 ҳазору 93 мусофир қабул карда шудааст. Ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса ба соли 2019, 510 ҳазору 814 мусофир кам гуфта мешавад”, гуфта шуд дар нишасти матбуотӣ.
Парвозҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд аз ҷониби ширкати ватании “Somon Air” ва ширкатҳои байналмиллалии “Сибир”, “Ют Эйр”, “Уралские авиалинии”, “Рус Аэро”, “Tianjin Airnines” ва “Bon Air Havacilik” анҷом дода шудааст.
Роҳбарони Фурудгоҳи Хуҷанд ҳамчунин гуфтанд, ки бинобар қатъ гардидани парвозҳои мунтазами ҳавопаймоӣ ва коҳиш ёфтани ҳаҷми кору хизматрасонӣ, шурӯъ аз моҳи марти соли 2020, 70 % ё ҳудуди 600 нафар аз 824 кормандро ба рухсатии бемузд фиристодаанд.
Айни ҳол маблағи қарзи музди меҳнати кормандони ин корхона ба 350 ҳазор сомонӣ баробар шудааст.
Қаблан Кумитаи андози Тоҷикистон низ гуфта буд, солҳои қаблӣ бо фурудгоҳҳо мушкил дар андозсупорӣ надошт, аммо имсол Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 31 миллион сомонӣ қарздор шудааст.
Масъулин таъкид меварзанд, ки Фурудгоҳи Хуҷанд барои қабул ва гусели парвозҳои байналмилалӣ омода аст.