https://sputnik.tj/20210225/jaish-narkh-gai--Tojikiston-1032885310.html
Ҷаҳиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистон
Ҷаҳиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Аз нимаи моҳи феврал арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафта, имрӯз афзоиш 14% -ро ташкил медиҳад 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T12:15+0500
2021-02-25T12:15+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
гази моеъ
нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/44/1028634482_0:0:1968:1107_1920x0_80_0_0_8d3fc62876a90c6f2aa83f7ee3282b5d.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои охир гази моеъ тақрибан 14% қимат шудааст.Дар оғози соли 2021 нархи гази моеъ барои як литр 4 сомонӣ буд.Аммо аз нимаи моҳи феврал сар карда арзиши он боло рафт ва имрӯз барои як литр ба 4,55 сомонӣ расидааст.Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз болоравии нархҳо, дар ҷумҳурӣ камбуди гази моеъ вуҷуд надорад.Соли гузашта арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон дар моҳи июл якбора боло рафта, ҷаҳиши нарх 65% -ро ташкил дод.Он замон гази моеъ аз 2,5 сомонӣ то 3,8-4 сомонӣ барои як литр боло рафт.Тибқи маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли гузашта ба ҷумҳурӣ зиёда аз 420,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Ба ҳисоби миёна, арзиши ҳар як тонна ба 422 доллар баробар буд.Дар моҳи октябри соли равон мақомоти Қазоқистон содироти гази моеъ бо роҳи автомобилгардро ба муддати се сол манъ карданд.Аммо, ин ба бозори Тоҷикистон таъсир накард, зеро воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ аз хориҷ танҳо тавассути роҳи оҳан сурат мегирад.Ба Тоҷикистон таъсире надорад: шарҳи мақомот аз мамнӯъ шудани содироти гази ҚазоқистонОн замон ноиби президенти Иттиҳоди мустақили сӯзишворӣ Дмитрий Гусев қайд кард, ки дар зимистон бояд ҷаҳиши ночизе ба амал ояд, зеро талаботи истеъмолкунандагон дар давраи хунукӣ хеле зиёд мешавад.Бояд гуфт, ки гази моеъро дар Тоҷикистон тақрибан 60% ронандагон ҳамчун навъи асосии сӯзишворӣ истифода мебаранд.
https://sputnik.tj/20210118/Narkhi-gaz-Tajikistan-garon-shud--1032640229.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102863/44/1028634482_482:0:1958:1107_1920x0_80_0_0_765fc78d38a1d20ea502f5c84464c010.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, гази моеъ, нарх
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, гази моеъ, нарх
Ҷаҳиши нархи гази моеъ дар Тоҷикистон
12:15 25.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Аз нимаи моҳи феврал арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон боло рафта, имрӯз афзоиш 14% -ро ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯзҳои охир гази моеъ тақрибан 14% қимат шудааст.
Дар оғози соли 2021 нархи гази моеъ барои як литр 4 сомонӣ буд.
Аммо аз нимаи моҳи феврал сар карда арзиши он боло рафт ва имрӯз барои як литр ба 4,55 сомонӣ расидааст.
Дар ҳамин ҳол, сарфи назар аз болоравии нархҳо, дар ҷумҳурӣ камбуди гази моеъ вуҷуд надорад.
Соли гузашта арзиши гази моеъ дар Тоҷикистон дар моҳи июл якбора боло рафта, ҷаҳиши нарх 65% -ро ташкил дод.
Он замон гази моеъ аз 2,5 сомонӣ то 3,8-4 сомонӣ барои як литр боло рафт.
Тибқи маълумоти хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, соли гузашта ба ҷумҳурӣ зиёда аз 420,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Ба ҳисоби миёна, арзиши ҳар як тонна ба 422 доллар баробар буд.
Дар моҳи октябри соли равон мақомоти Қазоқистон содироти гази моеъ бо роҳи автомобилгардро ба муддати се сол манъ карданд.
Аммо, ин ба бозори Тоҷикистон таъсир накард, зеро воридоти гази моеъ ба ҷумҳурӣ аз хориҷ танҳо тавассути роҳи оҳан сурат мегирад.
Он замон ноиби президенти Иттиҳоди мустақили сӯзишворӣ Дмитрий Гусев қайд кард, ки дар зимистон бояд ҷаҳиши ночизе ба амал ояд, зеро талаботи истеъмолкунандагон дар давраи хунукӣ хеле зиёд мешавад.
Бояд гуфт, ки гази моеъро дар Тоҷикистон тақрибан 60% ронандагон ҳамчун навъи асосии сӯзишворӣ истифода мебаранд.