https://sputnik.tj/20210225/Rahmon-stipendiya-donishju-1032884454.html
Раҳмон имзо кард: стипендия донишҷӯ, магистр ва аспиранту докторантҳо 30% зиёд мешавад
Раҳмон имзо кард: стипендия донишҷӯ, магистр ва аспиранту докторантҳо 30% зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар фармони боло бурдани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии кишварро имзо гузошт 25.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-25T10:38+0500
2021-02-25T10:38+0500
2021-02-25T11:06+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
раҳмон
фармон
стипендия
донишҷӯ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102572/53/1025725376_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_b81bca1aadee9fa7644b2986f5e1e63f.jpg
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён чунин фармон судур шуда, ҳамзамон бар асоси он стипендияи магистр, аспиранту докторантҳо низ боло хоҳад рафт.Бар асоси фармони раисиҷумҳур, аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.Аммо гуфта мешавад, ки ин ба стипендияи президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД дахл надорад.Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул гаштааст, ки ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.Эмомалӣ Раҳмон тасмими боло бурдани стипендияи донишҷӯёну магистр ва аспиранту докторантҳоро зимни ироаи паёми солонааш изҳор дошта буд.Қаблан президенти Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки на танҳо стипендия, балки нафақа барои гурӯҳҳои алоҳидаи маъюбӣ низ зиёд карда шавад.Зиёд шудани нафақа то 50 дар сад - аз киҳо?Раҳмон пешниҳод кард, ки нафақаи кӯдакони маъюб аз 1 сентябри соли 2021, ки бо қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи суғурта ва нафақаҳои давлатӣ" муқаррар шудааст, то 20% зиёд карда шавад.
https://sputnik.tj/20210126/Stipendiyai-ziyd-meshavad-1032693071.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102572/53/1025725376_97:0:1914:1363_1920x0_80_0_0_7be9107a247486e81d1507c99d8b7997.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, раҳмон, фармон, стипендия, донишҷӯ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, раҳмон, фармон, стипендия, донишҷӯ
Раҳмон имзо кард: стипендия донишҷӯ, магистр ва аспиранту докторантҳо 30% зиёд мешавад
10:38 25.02.2021 (Навсозишуда: 11:06 25.02.2021) Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кишвар фармони боло бурдани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии кишварро имзо гузошт
ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии донишҷӯён чунин фармон судур шуда, ҳамзамон бар асоси он стипендияи магистр, аспиранту докторантҳо низ боло хоҳад рафт.
Бар асоси фармони раисиҷумҳур, аз 1 сентябри соли 2021 андозаи стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин магистр, аспирант ва докторантҳо ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.
Аммо гуфта мешавад, ки ин ба стипендияи президентӣ, курсантҳои донишгоҳҳои олии ҳарбӣ ва Академияи ВКД дахл надорад.
Ҳамзамон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул гаштааст, ки ҷиҳати амалигардонии фармони мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.
Эмомалӣ Раҳмон тасмими боло бурдани стипендияи донишҷӯёну магистр ва аспиранту докторантҳоро зимни ироаи паёми солонааш изҳор дошта буд.
Қаблан президенти Тоҷикистон пешниҳод карда буд, ки на танҳо стипендия, балки нафақа барои гурӯҳҳои алоҳидаи маъюбӣ низ зиёд карда шавад.
Раҳмон пешниҳод кард, ки нафақаи кӯдакони маъюб аз 1 сентябри соли 2021, ки бо қонунҳои Тоҷикистон "Дар бораи нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "Дар бораи суғурта ва нафақаҳои давлатӣ" муқаррар шудааст, то 20% зиёд карда шавад.