https://sputnik.tj/20210224/Uzrkhoii-raisi-VMKB-mardumi-viloyat-1032877246.html
Узрхоҳии раиси ВМКБ аз мардуми вилоят
Узрхоҳии раиси ВМКБ аз мардуми вилоят
Sputnik Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, мегӯяд, пешравиҳое, ки дар соли 2020 ба даст омадаанд, дар қиёс бо мушкилот ва имкониятҳои вилоят... 24.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-24T10:53+0500
2021-02-24T10:53+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
энергетика
барқ
нерӯ
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032711825_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_d2d02b9e158d643d7e396829d963fb4c.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Файзов зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати ВМКБ аз сокинони вилоят узрхоҳӣ кард.“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд, ки татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки дар фасли сармои ҷорӣ дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти таъминоти барқ ҷорӣ гардид.
https://sputnik.tj/20210223/Vazir-barq-qimat-arzontar-hukumat-tarofaho-1032874756.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1c/1032711825_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_183deeb621fdb373ac010beca09499aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, энергетика, барқ, нерӯ, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, энергетика, барқ, нерӯ, дар тоҷикистон
Узрхоҳии раиси ВМКБ аз мардуми вилоят
10:53 24.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ёдгор Файзов, раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон, мегӯяд, пешравиҳое, ки дар соли 2020 ба даст омадаанд, дар қиёс бо мушкилот ва имкониятҳои вилоят нокифоя мебошанд
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Файзов зимни ҷамъбасти фаъолияти яксолаи ҳукумати ВМКБ аз сокинони вилоят узрхоҳӣ кард.
“Узр мехоҳам аз сокинони ВМКБ, ки зимистони имсол аҳолии деҳотро мо натавонистем бо қувваи барқ таъмин кунем. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки мо ҳанӯз дар ин соҳа мушкилоту камчиниҳои зиёд дорем”, - изҳор дошт раиси ВМКБ.
Ӯ афзуд, ҳозир се нақшаи бузург рӯи дастанд, ки татбиқи онҳо барои як муддат имкон медиҳад аҳолӣ бо барқ таъмин бошанд, аммо дар оянда боз камӣ хоҳад кард. Аз ҷумла тайи солҳои 2021 - 2023 сохтмони 19 нерӯгоҳи офтобӣ, пайваст намудани шабакаи “Помир энержӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ ва сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар назар аст, ки ба гуфтаи Файзов имкон медиҳанд, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд.
Файзов таъкид намуд, ки бо рушди саноат ин иқтидорҳо низ боз камӣ хоҳанд кард. Ӯ иттилоъ дод, ки феълан дар талоши пайдо кардани манобеи дигар барои сохтмони нерӯгоҳи “Санобод”, “Чартем” ва ғайра мебошанд.
Узрхоҳии раиси ВМКБ дар ҳолест, ки дар фасли сармои ҷорӣ дар вилоят камбуди барқ ҷой дошт ва дар бархе аз навоҳӣ маҳдудияти таъминоти барқ ҷорӣ гардид.