https://sputnik.tj/20210224/Shoimzoda-CASA-pul-sarf-1032881249.html
Шоимзода гуфт, бунёди қисмати тоҷикистонии CASA имсол анҷом меёбад: чанд пул сарф шуд?
Шоимзода гуфт, бунёди қисмати тоҷикистонии CASA имсол анҷом меёбад: чанд пул сарф шуд?
Sputnik Тоҷикистон
Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд, сохтмони қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 имсол ба анҷом хоҳад расид 24.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-24T16:15+0500
2021-02-24T16:15+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
энергетика
хат
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687726_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_251ec9389f0e896198bf451b013bf496.jpg
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шоимзода гуфт, тибқи асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи CASA – 1000 дар маҷмуъ барои татбиқи он 1 миллиарду 86 миллион доллар зарур мебошад, ки аз ин ба қисмати тоҷикистонӣ 314 миллион доллар рост меояд.Ӯ афзуд, то кунун аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расидаанд.Суҳбати телефонии Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ: аз баррасии масоили иқтисодӣ то фарҳангӣБа иттилои ноиби вазири энержӣ, то ҳол дар қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 ҳудуди 111 миллион доллар аз худ карда шудаанд. Ӯ афзуд, корҳои амалан анҷомдода ба андозаи то 180 миллион доллар мерасанд, ки пули қисмате аз он баъди санҷиш пардохт хоҳад шуд. Дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардидааст:Ҷамшед Шоимзода тавзеҳ дод, ки дар татбиқи лоиҳа асосан сементу арматура ва ноқилҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода мешавад, ки аз ҷониби татбиқгарони лоиҳа санҷидаю тасдиқ шудаанд. Ӯ афзуд, дар баробари 314 миллион доллар арзиши лоиҳавии қисмати тоҷикистонӣ инчунин хароҷоти пешбининашаванда мавҷуданд ва арзиши ниҳоии лоиҳа дар анҷоми сохтмон маълум карда мешавад.
https://sputnik.tj/20210201/tajdid-navsozi-nerugohho-bariqi-obi--1032740804.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/19/1032687726_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_73fbd0cb820640d82ebc5c86ff9e0ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, энергетика, хат, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, энергетика, хат, дар тоҷикистон
Шоимзода гуфт, бунёди қисмати тоҷикистонии CASA имсол анҷом меёбад: чанд пул сарф шуд?
16:15 24.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҷамшед Шоимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, мегӯяд, сохтмони қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 имсол ба анҷом хоҳад расид
ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Шоимзода гуфт, тибқи асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаи CASA – 1000 дар маҷмуъ барои татбиқи он 1 миллиарду 86 миллион доллар зарур мебошад, ки аз ин ба қисмати тоҷикистонӣ 314 миллион доллар рост меояд.
Ӯ афзуд, то кунун аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, созишномаҳои молиявӣ ба имзо расидаанд.
Ба иттилои ноиби вазири энержӣ, то ҳол дар қисмати тоҷикистонии CASA – 1000 ҳудуди 111 миллион доллар аз худ карда шудаанд. Ӯ афзуд, корҳои амалан анҷомдода ба андозаи то 180 миллион доллар мерасанд, ки пули қисмате аз он баъди санҷиш пардохт хоҳад шуд.
Дар доираи лоиҳаи CASA – 1000 бунёди иншооти зерин пешбинӣ гардидааст:
- Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ – и “Датка – Суғд 500” ба дарозии 477 километр, ки аз ин 28 километр хат ба қаламрави Тоҷикистон рост меояд. Инчунин васеъсозии зеристгоҳи барқии “Суғд – 500” дар назар аст.
- Сохтмони хати интиқоли барқи 500 кВ “Регар – Сангтӯда” бо дарозии 115 километр ва васеъсозии зеристгоҳи “Регар – 500”.
- Сохтмони зеристгоҳи конверторӣ дар минтақаи Сангтӯдаи Тоҷикистон бо иқтидори 1300 МВт барои табдили ҷараёни тағйирёбанда ба ҷараёни доимӣ ва сохтмони зеристгоҳ бо иқтидори 1300 МВт дар минтақаи Новшераи Покистон барои табдили ҷараёни доимӣ ба тағйирёбанда.
- Сохтмони хати интиқоли Сангтӯда – Новшераи Покистон ба дарозии зиёда аз 750 километр, ки аз он ба ҳудуди Тоҷикистон 117 километр рост меояд.
Ҷамшед Шоимзода тавзеҳ дод, ки дар татбиқи лоиҳа асосан сементу арматура ва ноқилҳои истеҳсоли Тоҷикистон истифода мешавад, ки аз ҷониби татбиқгарони лоиҳа санҷидаю тасдиқ шудаанд. Ӯ афзуд, дар баробари 314 миллион доллар арзиши лоиҳавии қисмати тоҷикистонӣ инчунин хароҷоти пешбининашаванда мавҷуданд ва арзиши ниҳоии лоиҳа дар анҷоми сохтмон маълум карда мешавад.