https://sputnik.tj/20210224/Navori-furudi-dastgoh-Mirrikh---video-1032879283.html
Навори фуруди дастгоҳи Perseverance ба Миррих - видео
Навори фуруди дастгоҳи Perseverance ба Миррих - видео
Sputnik Тоҷикистон
NASA видеоеро нашр кард, ки дар он ба Миррих фуруд омадани дастгоҳи Perseverance сабт шудааст. Видео тамоми марҳилаҳои ба Миррих фуруд омадани дастгоҳ ва ба... 24.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-24T14:09+0500
2021-02-24T14:09+0500
2021-04-19T13:08+0500
видео
дар ҷаҳон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032875891_108:0:1271:658_1920x0_80_0_0_0aa61789fe8a7c56ebfaa50c428db4d8.jpg
NASA қайд кард, ки навор бо истифода аз чаҳор дастгоҳ сабт шудааст. "Аз лаҳзаи кушодашавии парашют, дастгоҳ тамоми раванди фаромаданро сабт карда, қисмати сафари дастгоҳро ба чуқурии Езеро дар Миррих нишон медиҳад", - таъкид кардаанд дар NASA.Сабт дар вақти воқеӣ ва бо суръати тез чархонда мешавад. Пас аз он, дар видео лаҳзаи ба сатҳи Миррих наздик шудани киштии кайҳонӣ нишон дода мешавад. Ғайр аз он, ровер садоҳоро аз сатҳи Миррих сабт карда, ба замин интиқол дод.NASA қайд кард, ки ровер бинобар мушкилоти нармафзор натавонист ҳангоми фуруд садоро сабт кунад, аммо дар ҳоле ки дар сатҳи Миррих ду садои кӯтоҳро сабт кард."Дар тӯли якчанд сония насими миррихӣ, инчунин садоҳои механикии ровер, ки дар сатҳи сайёра ҳаракат мекунанд, ба гӯш мерасад", - қайд карданд масъулини NASA.Дастгоҳи Perseverance шаби 19 феврал ба Миррих фуруд омад. Раванди мазкур ҳафт дақиқа давом кард. Олимон боварӣ доранд, ки осори ҳаёт метавонист дар чуқурии Езеро дар Миррих боқӣ монад ва ровер онҳоро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Ровер инчунин иқлими сайёраро меомӯзад ва намунаҳои сангҳо ва таҳшинҳоро ҷамъ меорад. Дастгоҳ дар Миррих 687 рӯз кор хоҳад кард.
https://sputnik.tj/20210221/kuch-odamon-mirrikh-1032865920.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032875891_224:0:1271:658_1920x0_80_0_0_69c2f6b80e4215577510008924e4c499.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар ҷаҳон
Навори фуруди дастгоҳи Perseverance ба Миррих - видео
14:09 24.02.2021 (Навсозишуда: 13:08 19.04.2021) NASA видеоеро нашр кард, ки дар он ба Миррих фуруд омадани дастгоҳи Perseverance сабт шудааст. Видео тамоми марҳилаҳои ба Миррих фуруд омадани дастгоҳ ва ба чуқурии Езеро фуруд омадани онро фаро мегирад
NASA қайд кард, ки навор бо истифода аз чаҳор дастгоҳ сабт шудааст.
"Аз лаҳзаи кушодашавии парашют, дастгоҳ тамоми раванди фаромаданро сабт карда, қисмати сафари дастгоҳро ба чуқурии Езеро дар Миррих нишон медиҳад", - таъкид кардаанд дар NASA.
Сабт дар вақти воқеӣ ва бо суръати тез чархонда мешавад. Пас аз он, дар видео лаҳзаи ба сатҳи Миррих наздик шудани киштии кайҳонӣ нишон дода мешавад. Ғайр аз он, ровер садоҳоро аз сатҳи Миррих сабт карда, ба замин интиқол дод.
NASA қайд кард, ки ровер бинобар мушкилоти нармафзор натавонист ҳангоми фуруд садоро сабт кунад, аммо дар ҳоле ки дар сатҳи Миррих ду садои кӯтоҳро сабт кард.
"Дар тӯли якчанд сония насими миррихӣ, инчунин садоҳои механикии ровер, ки дар сатҳи сайёра ҳаракат мекунанд, ба гӯш мерасад", - қайд карданд масъулини NASA.
Дастгоҳи Perseverance шаби 19 феврал ба Миррих фуруд омад. Раванди мазкур ҳафт дақиқа давом кард. Олимон боварӣ доранд, ки осори ҳаёт метавонист дар чуқурии Езеро дар Миррих боқӣ монад ва ровер онҳоро ҷустуҷӯ хоҳад кард. Ровер инчунин иқлими сайёраро меомӯзад ва намунаҳои сангҳо ва таҳшинҳоро ҷамъ меорад. Дастгоҳ дар Миррих 687 рӯз кор хоҳад кард.