Тоҷикистон бо ал – Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ хайрухуш мекунад

© сомонаи Вазорати корҳои хориҷии ТоҷикистонМулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Обуна шудан
Мақомдорони Тоҷикистон бо сафири фавқулода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ хайрбод мегӯянд
ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурияти дипломатии Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ дар Душанбе ба поён мерасад.
Хадж в Мекке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Сафири тоҷик бо амири Макка мулоқот кард
Ба иттилои манбаъ, дар ин робита Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодиро ба ҳузур пазируфт.
“Ҷонибҳо аз рушди пӯёи муносибатҳои Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати таҳкими ҳамкориҳо байни Душанбе ва Риёз таъкид карданд”, - омадааст дар иттилоияи ВУХ.
Ин ниҳод афзуд, ки Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири Арабистони Саудӣ барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас  хоҳад гузошт.
Маъмурияти дипломатии Ал-Бодӣ, ки эътимодномааш ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро моҳи ноябри соли 2016 супорида буд, акнун ба поён мерасад. Феълан маълум нест, сафири нави Саудӣ дар Душанбе кӣ мешавад.
Таъкид мешавад, ки тайи солҳои охир муносиботи Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар бахшҳои гуногун таҳким ёфтанд. Сафоратхонаи Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон соли 2010-ум ифтитоҳ шуда бошад ҳам Бунёди саудии рушд аз аввали солҳои 2000-ум дар маблағгузории лоиҳаҳои гуногун саҳмгузор мебошад.
Лентаи хабарҳо
0