https://sputnik.tj/20210222/Afzoish-moshin-Tojikiston-narkh-1032870855.html
Афзоиши воридоти мошин ба Тоҷикистон: нархи миёнаи ҳар кадомаш 5 ҳазор доллар
Афзоиши воридоти мошин ба Тоҷикистон: нархи миёнаи ҳар кадомаш 5 ҳазор доллар
Sputnik Тоҷикистон
Бисёре аз мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аллакай истифодашуда буда, ба гуруҳи нақлиёти арзон шомиланд 22.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-22T13:32+0500
2021-02-22T13:32+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
нақлиёт
нарх
миёна
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102245/81/1022458123_0:0:1192:675_1920x0_80_0_0_519106c68040c3a054f4a239ee44280c.jpg
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Воридоти мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон дар соли 2020 афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ. "Соли 2020 ба ҷумҳурӣ 23 ҳазору 19 мошин ба маблағи 115,9 миллион доллар ворид карда шуд", - иттилоъ додаст Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Бар асоси ин омор нархи миёнаи ҳар мошини воридшуда 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Зимнан, дар соли 2019 теъдоди мошинҳои воридшуда 21 356 ададро ташкил дод, ки маблағи он 147,1 миллион доллар арзёбӣ гардид. Нархи миёнаи ҳар сабукрави воридшуда дар соли 2019 муодили 6,8 ҳазор доллар буд. Бисёре аз мошинҳои ба кишвар воридшаванда истифодашуда ва шомили гуруҳи мошинҳои арзон мебошанд.Таъминкунандагони асосии мошинҳо дар Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Маъмултарин навъи сабукравҳо миёни тоҷикистониён тамғаҳои Opel, Hyundai, Toyota ва Mercedes мебошанд. Дар мавриди мошинҳои боркаш, онҳо ба кишвар асосан аз Чин оварда мешаванд. Пештар хабар дода шуд, ки дар давраи пандемия дар Тоҷикистон воридот ва содироти мошинҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20210118/Narkhi-gaz-Tajikistan-garon-shud--1032640229.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102245/81/1022458123_0:0:1072:675_1920x0_80_0_0_586745b66544df155e87d4750d622f50.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, нақлиёт, нарх, миёна, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иқтисод, нақлиёт, нарх, миёна, дар тоҷикистон
Афзоиши воридоти мошин ба Тоҷикистон: нархи миёнаи ҳар кадомаш 5 ҳазор доллар
13:32 22.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Бисёре аз мошинҳое, ки ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аллакай истифодашуда буда, ба гуруҳи нақлиёти арзон шомиланд
ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Воридоти мошинҳои сабукрав ба Тоҷикистон дар соли 2020 афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ.
"Соли 2020 ба ҷумҳурӣ 23 ҳазору 19 мошин ба маблағи 115,9 миллион доллар ворид карда шуд", - иттилоъ додаст Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Бар асоси ин омор нархи миёнаи ҳар мошини воридшуда 5 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Зимнан, дар соли 2019 теъдоди мошинҳои воридшуда 21 356 ададро ташкил дод, ки маблағи он 147,1 миллион доллар арзёбӣ гардид. Нархи миёнаи ҳар сабукрави воридшуда дар соли 2019 муодили 6,8 ҳазор доллар буд.
Бисёре аз мошинҳои ба кишвар воридшаванда истифодашуда ва шомили гуруҳи мошинҳои арзон мебошанд.
Таъминкунандагони асосии мошинҳо дар Тоҷикистон кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мебошанд. Маъмултарин навъи сабукравҳо миёни тоҷикистониён тамғаҳои Opel, Hyundai, Toyota ва Mercedes мебошанд. Дар мавриди мошинҳои боркаш, онҳо ба кишвар асосан аз Чин оварда мешаванд. Пештар хабар дода шуд, ки дар давраи пандемия дар Тоҷикистон воридот ва содироти мошинҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.