https://sputnik.tj/20210221/hauvon-nodir-mujiza-najot-aks-1032868667.html
Клонидани ҳайвонҳо: мӯъҷизаи генетикӣ ва наҷоти навъҳои нодир - акс
Клонидани ҳайвонҳо: мӯъҷизаи генетикӣ ва наҷоти навъҳои нодир - акс
Sputnik Тоҷикистон
Олимон тавонистанд, ҳайвонеро тогсозӣ кунанд, ки ҳудуди 30 сол ҳамчун ҳайвони нобудшуда ба ҳисоб мерафтанд 21.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-21T16:50+0500
2021-02-21T16:50+0500
2021-04-06T20:41+0500
акс
ҳайвон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/15/1032867888_0:681:2047:1839_1920x0_80_0_0_1faaea4797daf740198ab2571543d71a.jpg
Хаз як ҳайвони хурди дарранда аз ҷинси қоқум мебошад, ки ба феҳрасти ҳайвонҳои нобудшуда шомил буд. Вале олимон тавонистанд ин навъ ҳайвонро аз сар зинда кунанд.Гени яхбастаи хазро олимон тоқсозӣ карда, якбора ду ҳайвон таваллуд шуданд, ки яке аз онҳо нобуд шуд, вале як хази дигар саломат боқӣ монд.Ҳоло олимон умедворанд, ки зинда мондани хази тоқсозишуда, имкон медиҳад, ки насли ин намуд ҳайвон афзоиш ва аз нестшавӣ наҷот ёбад.Хази зиндамондаро Элизабет Энн номгузорӣ карданд.Ба ҷуз аз хаз, олимон ҳамчунин аспи муғулии ёбоӣ ва ҳамчунин як навъ кабӯтари сайркунандаро тоқсозӣ карданд, ки ниҳоят нодир буданд.Аз тасвирбаён навъҳои дигари ҳайвоноти нодирро хоҳед дид, ки олимон онҳоро бинобар хавфи нобудшавӣ тоқсозӣ намуданд.
https://sputnik.tj/20210119/VMKB-hayvon-poin-najot-navor-1032652489.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/15/1032867888_0:617:2047:1903_1920x0_80_0_0_4f15d4b9c7cec2abd1cb78006ce7fd3d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, ҳайвон
Клонидани ҳайвонҳо: мӯъҷизаи генетикӣ ва наҷоти навъҳои нодир - акс
16:50 21.02.2021 (Навсозишуда: 20:41 06.04.2021) Олимон тавонистанд, ҳайвонеро тогсозӣ кунанд, ки ҳудуди 30 сол ҳамчун ҳайвони нобудшуда ба ҳисоб мерафтанд
Хаз як ҳайвони хурди дарранда аз ҷинси қоқум мебошад, ки ба феҳрасти ҳайвонҳои нобудшуда шомил буд. Вале олимон тавонистанд ин навъ ҳайвонро аз сар зинда кунанд.
Гени яхбастаи хазро олимон тоқсозӣ карда, якбора ду ҳайвон таваллуд шуданд, ки яке аз онҳо нобуд шуд, вале як хази дигар саломат боқӣ монд.
Ҳоло олимон умедворанд, ки зинда мондани хази тоқсозишуда, имкон медиҳад, ки насли ин намуд ҳайвон афзоиш ва аз нестшавӣ наҷот ёбад.
Хази зиндамондаро Элизабет Энн номгузорӣ карданд.
Ба ҷуз аз хаз, олимон ҳамчунин аспи муғулии ёбоӣ ва ҳамчунин як навъ кабӯтари сайркунандаро тоқсозӣ карданд, ки ниҳоят нодир буданд.
Аз тасвирбаён навъҳои дигари ҳайвоноти нодирро хоҳед дид, ки олимон онҳоро бинобар хавфи нобудшавӣ тоқсозӣ намуданд.

Ин навъ ҳайвон ба хотири нодир будан, клонидан шуд

Олимон бар ин назар ҳастанд, ки клонидани хаз имкон медиҳад, ки ин навъ ҳайвонҳо аз нестшавӣ эъмин мемонанд

Гӯсфанди ба номи Долли, ки соли 1996 тогсозӣ шуд ва расо 6,5 сол зиндагӣ кард

Ин ду маймун дар лабораторияи академияи улуми Чин клонидан шуданд. 22 январи соли 2018

Олимони Донишгоҳи миллии Сеул нахустин бор сагҳои тогсозишударо намоиш доданд, ки соли 2005 таваллуд шуданд

Соли 2012 олимони ҳиндӣ бузи нодири кӯҳиро тогсозӣ карданд

Аз миёни ин се гурба, дутояш клонида шудаанд (гурбаи мобайнӣ ва аз қисмати рост ҷойгирифта)

Ин нахустин аспе аст, ки клонида шудааст. Аспро соли 2003 дар Италия пас аз 300 мавориди нобарор, тогсозӣ карданд

Зимнан, соли 2010 дар Испания нахустин бақар низ тогсозӣ шуд

Ин навъ гург ниҳоят нодир аст ва соли 2005 дар Кореяи Ҷанубӣ навъи онро тогсозӣ карданд

Сагбачаҳои клондонидашудаи саги олмонӣ, ки 11 сентябри соли 2001 дар ҷои фоҷиа дар Ню Йорк кор кардааст

Дар лабораторияи колледжи Харбин олимони Чин се навъ хукҳои клонидашударо намоиш доданд

Ин нахустин гурбаест, и соли 2001 дар иёлати Техас клонида шуд