Раисони шаҳру ноҳияҳо бемасъулият ҳастанд?: шикояти шаҳрвандон ба парлумон то ҳол зиёд аст

© Sputnik / Амир ИсаевЦентр города Душанбе
Центр города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2021
Обуна шудан
Дар соли 2020 ба унвони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 414 муроҷиати хаттӣ ворид гардида, 2641 нафар шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагон қабул карда шудаанд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар, роҳбарияти Маҷлиси намояндагон 420 нафар ва аъзои кумитаю комиссияҳо 2221 нафар муроҷиаткунандагонро ба ҳузур пазируфтанд.
Дымоотводные трубы завода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Вакили парлумон гуфт барои чӣ саноатикунонии босуръати кишвар лозим аст
Гуфта шудааст, ки аксарияти муроҷиатҳо тибқи тобеият барои баррасӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо фиристода шудаанд.
Қайд карда шудааст, ки аз 391 муроҷиати хаттӣ баррасии 354 адади он таҳти назорат  қарор дода шуда, аз ин шумора талабу дархости 246 нафар муроҷиаткунанда пурра, муроҷиати 25 нафар қисман ҳалли худро ёфтааст.
“Ба 83 нафар муроҷиаткунанда моҳияти мавзӯи дар муроҷиат ба миён гузошташуда фаҳмонда шуда, ба талаботи қонунҳои амалкунанда мутобиқ набудани ин муроҷиатҳо шарҳ дода шудааст. Айни ҳол, 60 муроҷиатҳои шаҳрвандон зери назорати кумитаҳо ва  сохторҳои дигари Маҷлиси намояндагон  қарор доранд”, - қайд кардааст дафтари матбуоти парлумони кишвар.
Ҳамзамон манбаъ таъкид длҳтааст, ки вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи он, муроҷиатҳои шаҳрвандонро дар муҳлатҳои  муайянгардида баррасӣ намуданд.
Манбаъ таъкид намудааст, ки таҳлилҳои ахир аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки шумораи муроҷиатҳои ба Маҷлиси намояндагон воридгардидаи шаҳрвандон ҳанӯз ҳам зиёд аст.
“Ин ҳолат аз пурра истифода нашудани ваколату имкониятҳои масъулини мақомоти шаҳру ноҳияҳо ва баъзе вазорату идораҳои дахлдорро дар самти ҳаллу фасл намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон нишон  медиҳад”, - зикр намудааст манбаъ.
Лентаи хабарҳо
0