https://sputnik.tj/20210221/Bunyod-korgohu-korkhona-istehsol-Rasht-1032864840.html
Бунёди 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Рашт
Бунёди 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Рашт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти ноҳияи Рашт эълон доштааст, ки бо кумаки соҳибкорони ноҳия 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ сохта мешавад 21.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-21T09:00+0500
2021-02-21T09:00+0500
2021-04-22T16:59+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
саноат
бунёд
коргоҳ
истеҳсол
рашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/07/1026830717_21:0:993:547_1920x0_80_0_0_9824e415377a97f1e5799230d9af9ac8.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳия Рашт дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” эълон кардааст, ки дар ноҳия, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.Вай қайд кардааст, ки аз ҷумла, дар ноҳия коргоҳҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулотҳои қаннодӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли хиштҳои сементиву пухта ва масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) ба фаъолият оғоз намуданд.Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ба роҳ мондани кор дар самти коркарди пашм ва хушк кардани мева таҷҳизотҳои лозимӣ ворид гардиданд.Ҳамзамон, қайд карда шудааст, ки барои ташкили фаъолияти корхонаи истеҳсоли макарон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон таҷҳизоту технологияи зарурӣ аз Чин ворид гардида, дар шафати корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм бинои нав омода шуда, дар муҳлатҳои наздик ба истифода дода мешавад.Мақомоти ноҳия зикр кардааст, ки дар 11 моҳи соли сипаришуда ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 45 миллиону 122,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҶСК “Ангишти Камароб” зиёда аз 60 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна ва 7 миллиону 980 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
https://sputnik.tj/20210210/Khujand-korkhona-az-faoliyat-bozmond--1032794846.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102683/07/1026830717_142:0:871:547_1920x0_80_0_0_7cbd94344f709c6992b44f0fcdeb30e6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, саноат, бунёд, коргоҳ, истеҳсол, рашт
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, саноат, бунёд, коргоҳ, истеҳсол, рашт
Бунёди 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар ноҳияи Рашт
09:00 21.02.2021 (Навсозишуда: 16:59 22.04.2021) Мақомоти ноҳияи Рашт эълон доштааст, ки бо кумаки соҳибкорони ноҳия 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ҳамдулло Шарифзода, муовини раиси ноҳия Рашт дар суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” эълон кардааст, ки дар ноҳия, бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 14 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст.
Вай қайд кардааст, ки аз ҷумла, дар ноҳия коргоҳҳои мебелбарорӣ, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулотҳои қаннодӣ, корхонаҳои дӯзандагӣ, истеҳсоли хиштҳои сементиву пухта ва масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал) ба фаъолият оғоз намуданд.
Инчунин, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд барои ба роҳ мондани кор дар самти коркарди пашм ва хушк кардани мева таҷҳизотҳои лозимӣ ворид гардиданд.
Ҳамзамон, қайд карда шудааст, ки барои ташкили фаъолияти корхонаи истеҳсоли макарон аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистон таҷҳизоту технологияи зарурӣ аз Чин ворид гардида, дар шафати корхонаи ордбарории шаҳраки Ғарм бинои нав омода шуда, дар муҳлатҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Мақомоти ноҳия зикр кардааст, ки дар 11 моҳи соли сипаришуда ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшудаи корхонаҳо ва коргоҳҳои саноатии ноҳия 45 миллиону 122,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми истихроҷи ангишт дар ҶСК “Ангишти Камароб” зиёда аз 60 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23 ҳазор тонна ва 7 миллиону 980 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.