https://sputnik.tj/20210220/zabon-alifboi-tojik-1032860816.html
Кумитаи забон овозаҳои баргардондани "ы", "ц", "щ" ба алифбои тоҷикиро рад кард
Кумитаи забон овозаҳои баргардондани "ы", "ц", "щ" ба алифбои тоҷикиро рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, сарусадоро дар бораи он, ки ҳарфҳои "ы", "ц", "щ" дубора ба алифбои забони тоҷикӣ баргардонда мешаванд, рад намуд 20.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-20T12:45+0500
2021-02-20T12:45+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
кумитаи забон ва истилоҳот
баҳси алифбо
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102637/46/1026374638_81:0:1839:989_1920x0_80_0_0_002b0fa3249b0ef7f1c61093e6e4d44e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи истилоҳоти Кумитаи забони Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки сару садо дар бораи дубора ҷой додани ҳарфҳои "ы", "ц", "щ" дуруст нестанд.Ба гуфтаи Зулфониён, аз ду ниҳоди давлатӣ дар мавриди ворид кардани ин ҳарфҳо ба алифбои тоҷикӣ пешниҳод омада буд, вале Кумитаи забон онро қотеъона рад кард. Ӯ афзудааст, ки дар қоидаҳои нав танҳо мавридҳои навишти ин ҳарфҳо мутобиқ бо савтиёти забони тоҷикӣ нашр шудаанд.Ин тавзеҳи Зулфониён дар ҳолест, ки шабакаҳои иҷтимоиро тайи рӯзҳои охир сарусадо дар бораи он фаро гирифт, ки гӯиё дар қоидаҳои нави нав ҳарфҳои қаблан лағвшуда баргардонда мешаванд.Абдуқодири Рустам, донишманд ва адиби шинохтаи тоҷик мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии ин иштибоҳфаҳмӣ, тасмими давлати Тоҷикистон дар мавриди чоп накардани лоиҳаи Қоидаҳо барои баррасии умумӣ мебошад.Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон низ зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда буд, ки баргардондани ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" матраҳ нест. Ин ҳарфҳо аз алифбои тоҷикӣ соли 1998 гирифта шуда буданд.Раиси Кумитаи забон тавзеҳ дод, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти ин ҳарфҳо дар калимаҳои иқтибосӣ нишон дода шудааст, аммо онҳо ба алифбо баргардонда намешаванд.Ӯ таъкид намуд, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти дурусти калимаҳое ба монанди “Щербакову Цветков” мушаххас нишон дода хоҳад шуд.Ба иттилои Кумитаи забон, қоидаҳои ҷадид 108 тағйироти хурду бузургро фаро мегиранд, ки баъди тасдиқ тафсилоташон ироаи омма мегарданд.“Номи ҳарфҳо тағйир ёфтанд. Ба асолати тоҷикӣ баргаштем. Хусуиятҳои фонетикӣ, садонокҳо ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд”, - изҳор дошта буд раиси Кумитаи забон.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102637/46/1026374638_300:0:1619:989_1920x0_80_0_0_86c4f1c5d6ac7db5e00284f9bb7438b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, кумитаи забон ва истилоҳот, баҳси алифбо, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, кумитаи забон ва истилоҳот, баҳси алифбо, дар тоҷикистон
Кумитаи забон овозаҳои баргардондани "ы", "ц", "щ" ба алифбои тоҷикиро рад кард
12:45 20.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон, сарусадоро дар бораи он, ки ҳарфҳои "ы", "ц", "щ" дубора ба алифбои забони тоҷикӣ баргардонда мешаванд, рад намуд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Раҳим Зулфониён, сардори шуъбаи истилоҳоти Кумитаи забони Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки сару садо дар бораи дубора ҷой додани ҳарфҳои "ы", "ц", "щ" дуруст нестанд.
Ба гуфтаи Зулфониён, аз ду ниҳоди давлатӣ дар мавриди ворид кардани ин ҳарфҳо ба алифбои тоҷикӣ пешниҳод омада буд, вале Кумитаи забон онро қотеъона рад кард. Ӯ афзудааст, ки дар қоидаҳои нав танҳо мавридҳои навишти ин ҳарфҳо мутобиқ бо савтиёти забони тоҷикӣ нашр шудаанд.
Ин тавзеҳи Зулфониён дар ҳолест, ки шабакаҳои иҷтимоиро тайи рӯзҳои охир сарусадо дар бораи он фаро гирифт, ки гӯиё дар қоидаҳои нави нав ҳарфҳои қаблан лағвшуда баргардонда мешаванд.
Абдуқодири Рустам, донишманд ва адиби шинохтаи тоҷик мегӯяд, яке аз сабабҳои асосии ин иштибоҳфаҳмӣ, тасмими давлати Тоҷикистон дар мавриди чоп накардани лоиҳаи Қоидаҳо барои баррасии умумӣ мебошад.
Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси Кумитаи забон низ зимни нишасти матбуотӣ таъкид карда буд, ки баргардондани ҳарфҳои "ы", "ц", "ь", "щ" матраҳ нест. Ин ҳарфҳо аз алифбои тоҷикӣ соли 1998 гирифта шуда буданд.
Раиси Кумитаи забон тавзеҳ дод, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти ин ҳарфҳо дар калимаҳои иқтибосӣ нишон дода шудааст, аммо онҳо ба алифбо баргардонда намешаванд.
“Вақте қоидаҳои имло мегӯем, сухан дар бораи 35 ҳарфи забон мегӯем. Яке аз бобҳои имлоро ба калимаҳои иқтибосӣ бахшидем, ба тарзи навишти ҳарфҳое, ки дар алифбои мо нестанд”, - изҳор дошта буд Муҳаммадҷонзода зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ таъкид намуд, ки дар имлои ҷадид тарзи навишти дурусти калимаҳое ба монанди “Щербакову Цветков” мушаххас нишон дода хоҳад шуд.
Ба иттилои Кумитаи забон, қоидаҳои ҷадид 108 тағйироти хурду бузургро фаро мегиранд, ки баъди тасдиқ тафсилоташон ироаи омма мегарданд.
“Номи ҳарфҳо тағйир ёфтанд. Ба асолати тоҷикӣ баргаштем. Хусуиятҳои фонетикӣ, садонокҳо ҳамсадаҳо ба асолати худ баргаштанд”, - изҳор дошта буд раиси Кумитаи забон.