https://sputnik.tj/20210220/Putin-shahrvandon-Rusiya-pul-medihad-1032863254.html
Путин ба шаҳрвандони Русия 70 ҳазор рубли медиҳад
Путин ба шаҳрвандони Русия 70 ҳазор рубли медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Беш аз ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Русия метавонанд барои гирифтани 70 ҳазор рубл муроҷиат кунанд, аммо пул бо шартҳои муайян пардохт карда мешавад 20.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-20T17:30+0500
2021-02-20T17:30+0500
2021-04-13T11:51+0500
ҳамаи хабарҳо
дар русия
пул
шаҳрвандон
муроҷиат
владимир путин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032784383_0:165:3127:1924_1920x0_80_0_0_7070f058690d08a5e3fad0e178575e64.jpg
ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Ба шаҳрвандони Русия наздик ба 70 ҳазор рубли русӣ пардохт карда мешавад. Чунин як фармонро Владимир Путин раисҷумҳури Русия ба имзо расонд.Гуфта шудааст, ки кормандони соҳаи буҷет метавонанд барои дарёфти ин маблағ ба идораи дахлдор муроҷиат кунанд.Тибқи фармони Путин, маблағҳои ҷудошуда ба пизишкони ҳарбӣ, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, Росгвардия, кормандони хадамоти оташнишонӣ ва мақомоти интизомӣ дода мешавад.Қайд шудааст, ки ба шаҳрвандони Русия, ки ҳангоми расонидани кумак ба беморон, гирифтори коронавирус шуданд, 68 811 рубл дода мешавад. Дар ҳамин ҳол, таъкид шудааст, кормандони соҳаи тиббе, ки бо беморони COVID-19 алоқа доштаанд ё бемореро ба бемористон интиқол додаанд, метавонад ба гирифтани ин маблағ даъво кунанд. Инчунин агар санҷиши пизишкон барои сироятёфтанашон ба коронавирус тасдиқ наёфта бошад ҳам пулашро мегиранд.Барои пардохти маблағ боз як шарти дигар мавҷуд аст. Кормандони идораву ташкилотҳо, ки ҳангоми бемориашон аз кор озод шуда дар хона табобат мегирифтанд, низ пул мегиранд.Чанде пеш, Шӯрои Федератсия Русия дар бораи афзоиши пардохт ба дорандагони нафақаи суғурта хабар дод. Ба гуфтаи сенатор Елена Бибикова, иловапулӣ аз 1 апрели соли равон оғоз меёбад.
https://sputnik.tj/20210214/putin-vokunish-moliyot-muhojiron-1032823043.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/08/1032784383_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_aff54e349a6918734b56d0d2a46af38e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар русия, пул, шаҳрвандон, муроҷиат, владимир путин
ҳамаи хабарҳо, дар русия, пул, шаҳрвандон, муроҷиат, владимир путин
Путин ба шаҳрвандони Русия 70 ҳазор рубли медиҳад
17:30 20.02.2021 (Навсозишуда: 11:51 13.04.2021) Беш аз ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Русия метавонанд барои гирифтани 70 ҳазор рубл муроҷиат кунанд, аммо пул бо шартҳои муайян пардохт карда мешавад
ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Ба шаҳрвандони Русия наздик ба 70 ҳазор рубли русӣ пардохт карда мешавад. Чунин як фармонро Владимир Путин раисҷумҳури Русия ба имзо расонд.
Гуфта шудааст, ки кормандони соҳаи буҷет метавонанд барои дарёфти ин маблағ ба идораи дахлдор муроҷиат кунанд.
Тибқи фармони Путин, маблағҳои ҷудошуда ба пизишкони ҳарбӣ, намояндагони мақомоти корҳои дохилӣ, Росгвардия, кормандони хадамоти оташнишонӣ ва мақомоти интизомӣ дода мешавад.
Қайд шудааст, ки ба шаҳрвандони Русия, ки ҳангоми расонидани кумак ба беморон, гирифтори коронавирус шуданд, 68 811 рубл дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, таъкид шудааст, кормандони соҳаи тиббе, ки бо беморони COVID-19 алоқа доштаанд ё бемореро ба бемористон интиқол додаанд, метавонад ба гирифтани ин маблағ даъво кунанд. Инчунин агар санҷиши пизишкон барои сироятёфтанашон ба коронавирус тасдиқ наёфта бошад ҳам пулашро мегиранд.
Барои пардохти маблағ боз як шарти дигар мавҷуд аст. Кормандони идораву ташкилотҳо, ки ҳангоми бемориашон аз кор озод шуда дар хона табобат мегирифтанд, низ пул мегиранд.
Чанде пеш, Шӯрои Федератсия Русия дар бораи афзоиши пардохт ба дорандагони нафақаи суғурта хабар дод. Ба гуфтаи сенатор Елена Бибикова, иловапулӣ аз 1 апрели соли равон оғоз меёбад.