https://sputnik.tj/20210220/Pahlavon-Tojikiston-Isroill-1032864525.html
Паҳлавонҳои номии Тоҷикистон аз Исроил бе медал бармегарданд
Паҳлавонҳои номии Тоҷикистон аз Исроил бе медал бармегарданд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam”, ки рӯзҳои 18-20 феврал баргузор шуд, натавонистанд медал ба... 20.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-20T21:00+0500
2021-02-20T21:00+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
навигариҳои варзиши тоҷикистон
паҳлавон
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102845/48/1028454817_54:0:946:502_1920x0_80_0_0_98f0216a960879084a290f96b729358e.png
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam” 6 варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 килоӣ, Акмал Муродов – 81 кило, Комроншоҳ Устопириён – 90 кило, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов дар 100 кило иштирок карданд.Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, натиҷаи беҳтарро миёни варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар қувваозмоиҳои вазни беш аз 100 кило дар ду давр бар намояндагони Қазоқистон - Ерасил Кажибоев ва Австрия - Стефан Ҳеҷӣ ғолиб омад. Вале дар чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ ва дар даври тасаллобахш аз варзишгари Нидерланд, Рой Мейер мағлуб гашта, ҷои ҳафтумро сазовор шуд.Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Лаҳистон, Адам Стадолски пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз варзишгари Белорус Вадзим Шока шикаст хӯрд.Ба иттилои Кумитаи олимпӣ, Комроншоҳ Устопириён низ, дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм варзишгари Перу, Юта Галаррета Вилларро мағлуб кард, аммо дар даври сеюм аз варзишгари Озарбойҷон, Маммадалӣ Меҳдиев мағлуб шуд.Шакармамад Мирмамадов дар даври аввал бар ҳарифаш Наор Итаҳи исроилӣ ғолиб омад, вале дар даври минбаъда аз варзишгари Нидерланд, Йур Сиперс мағлуб гардид.Беҳрӯз Хоҷазода ва Акмал Муродов бошанд, дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хурданд, илова намуд Кумита.Ин дуюмин сабқат аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар Доҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои ҷудо баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа низ Темур Раҳимов нишон дод, ки дар вазни беш аз 100 кило ҷои панҷумро ишғол кард.Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон кард, ки Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.
https://sputnik.tj/20210220/Istiqlol-jomi-FFT-1032864043.html
https://sputnik.tj/20191214/Tojikona-va-bo-qayrat-Makomi-5-umi-Komronsho-dar-Masters-1030395829.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102845/48/1028454817_145:0:857:534_1920x0_80_0_0_1ac502b892fe012345d5bf7e1701ad31.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, навигариҳои варзиши тоҷикистон, паҳлавон, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, навигариҳои варзиши тоҷикистон, паҳлавон, дар тоҷикистон
Паҳлавонҳои номии Тоҷикистон аз Исроил бе медал бармегарданд
21:00 20.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, ҷудокорони тоҷик дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam”, ки рӯзҳои 18-20 феврал баргузор шуд, натавонистанд медал ба даст оранд
ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Тоҷикистонро дар мусобиқаи “Tel Aviv Grand Slam” 6 варзишгар - Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода дар вазни 73 килоӣ, Акмал Муродов – 81 кило, Комроншоҳ Устопириён – 90 кило, Темур Раҳимов, Шакармамад Мирмамадов дар 100 кило иштирок карданд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, натиҷаи беҳтарро миёни варзишгарони тоҷик Темур Раҳимов нишон дод. Ӯ дар қувваозмоиҳои вазни беш аз 100 кило дар ду давр бар намояндагони Қазоқистон - Ерасил Кажибоев ва Австрия - Стефан Ҳеҷӣ ғолиб омад. Вале дар чорякфинал аз варзишгари Гурҷистон Гурам Тушишвилӣ ва дар даври тасаллобахш аз варзишгари Нидерланд, Рой Мейер мағлуб гашта, ҷои ҳафтумро сазовор шуд.
Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар намояндаи Лаҳистон, Адам Стадолски пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз варзишгари Белорус Вадзим Шока шикаст хӯрд.
Ба иттилои Кумитаи олимпӣ, Комроншоҳ Устопириён низ, дар даври аввал озод буд. Ӯ дар даври дуюм варзишгари Перу, Юта Галаррета Вилларро мағлуб кард, аммо дар даври сеюм аз варзишгари Озарбойҷон, Маммадалӣ Меҳдиев мағлуб шуд.
Шакармамад Мирмамадов дар даври аввал бар ҳарифаш Наор Итаҳи исроилӣ ғолиб омад, вале дар даври минбаъда аз варзишгари Нидерланд, Йур Сиперс мағлуб гардид.
Беҳрӯз Хоҷазода ва Акмал Муродов бошанд, дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хурданд, илова намуд Кумита.
Ин дуюмин сабқат аз силсиламусобиқаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо дар соли 2021 мебошад. Моҳи январ дар Доҳаи Қатар мусобиқаи ситораҳои ҷудо баргузор гардид, ки дар он аз Тоҷикистон се варзишгар – Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Темур Раҳимов иштирок намуданд. Натиҷаи беҳтарро дар ин мусобиқа низ Темур Раҳимов нишон дод, ки дар вазни беш аз 100 кило ҷои панҷумро ишғол кард.
Кумитаи миллии олимпӣ хотиррасон кард, ки Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов аз дастгирии молиявии олимпии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бархӯрдоранд ва барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунанд.