https://sputnik.tj/20210220/Bozdosht-habsi-mard-javonzan-dastdarozi-1032862803.html
Дар гузаргоҳи зеризаминӣ ба зане дастдарозӣ кард: боздошту ҳабси марди 43-солаи пойтахт
Дар гузаргоҳи зеризаминӣ ба зане дастдарозӣ кард: боздошту ҳабси марди 43-солаи пойтахт
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати вазорати корҳои дохила дар Душанбе аз боздошти Ҳамидов Диловар хабар додааст, ки дар ҳолати мастӣ дар хиёбонҳо нисбат ба занон рафтори ғайриахлоқӣ... 20.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-20T16:00+0500
2021-02-20T16:00+0500
2021-07-07T18:38+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/11/1031588844_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_3c6e44620867dc700aedbc03a74515ac.jpg
ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда дар пайи шикояти зане боздошт шудааст.Ба иттилои манбаъ, ҷавонзан, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расмҳои як нафар мард аз мақомоти милитсяи пойтахт дархост намуд, то нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.“Зеро ҳангоми гузаштан аз роҳи зеризаминии назди Бозори “Саховат” нисбаташ ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ намуда, бо ин тартиб шаъну шарафашро дар назди атрофиён поймол кардааст”,-афзудааст манбаъ.Гуфта мешавад, зимни гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷавони дар расмҳо инъикосёфта шаҳрванд Ҳамидов Диловари 43-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.“Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас гардидан дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва дигар шоҳидони ҳодиса муайян гардид, ки дастгиршуда Ҳамидов Диловар ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дастдарозӣ намуда, ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додаст”,- мегӯяд манбаъ.Ҷазои Шералӣ барои паст задани шаъну шарафи шоира Адибаи Азиз-видеоВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.
https://sputnik.tj/20201216/Bozdoshti-ronandae-dar-Deshanbe-ki-nisbat-ba-javonzan-harakathoi-bakhaloqona-nishon-dod-1032462471.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/11/1031588844_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_40d00fd66670981f38fa3839b4836358.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Дар гузаргоҳи зеризаминӣ ба зане дастдарозӣ кард: боздошту ҳабси марди 43-солаи пойтахт
16:00 20.02.2021 (Навсозишуда: 18:38 07.07.2021) Раёсати вазорати корҳои дохила дар Душанбе аз боздошти Ҳамидов Диловар хабар додааст, ки дар ҳолати мастӣ дар хиёбонҳо нисбат ба занон рафтори ғайриахлоқӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 20 феврал - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, номбурда дар пайи шикояти зане боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷавонзан, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расмҳои як нафар мард аз мақомоти милитсяи пойтахт дархост намуд, то нисбати номбурда чораҳои дахлдори қонунӣ андешида шавад.
“Зеро ҳангоми гузаштан аз роҳи зеризаминии назди Бозори “Саховат” нисбаташ ҳаракатҳои ғайриахлоқӣ намуда, бо ин тартиб шаъну шарафашро дар назди атрофиён поймол кардааст”,-афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, зимни гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки ҷавони дар расмҳо инъикосёфта шаҳрванд Ҳамидов Диловари 43-сола истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.
“Баъд аз ба мақомоти милитсия дастрас гардидан дар натиҷаи пурсиши гумонбар ва дигар шоҳидони ҳодиса муайян гардид, ки дастгиршуда Ҳамидов Диловар ҳангоми убури гузаргоҳи зеризаминӣ дар ҳолати сархушӣ қарор дошта, нисбати ҷавонзани муроҷиаткунанда дастдарозӣ намуда, ҳаракатҳои бадахлоқонаро анҷом додаст”,- мегӯяд манбаъ.
ВУД мегӯяд, вобаста ба ҳолати мазкур нисбати дастгиршуда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқувайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбаташ бо Қарори Суди ноҳияи Фирдавсӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5-шабонарӯз таъин карда шуд.