https://sputnik.tj/20210219/Vazir-navorgiri-milisa-1032855616.html
Вазир: ба наворгирии кормандони милиса дар Тоҷикистон манъ нест
Вазир: ба наворгирии кормандони милиса дар Тоҷикистон манъ нест
Sputnik Тоҷикистон
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ҷанбаи қонунии сабти кормандони милиса ё худ нозирони роҳро аз ҷониби ронандагон шарҳ дод 19.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-19T14:05+0500
2021-02-19T14:05+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
амният ва мудофиа
сабт
видео
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032721504_0:153:2897:1782_1920x0_80_0_0_ab60d05cae1e856890dc0ee1f61f070d.jpg
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, ягон қонуне дар Тоҷикистон нест, ки ба навор гирифтани кормандони милисаро манъ карда бошад."Лекин аз лиҳози агар башарӣ гирему қонуни Тоҷикистон дар бораи шахсият, ҳар касро навор гирифтану тариқи интернету каналҳо паҳн кардан дуруст нест", - посух дод Раҳимзода.Ӯ гуфт, дар бисёри кишварҳо қонунҳое қабул шуда истодаанд, ки ба навор гирифтани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро маҳдуд карда истодаанд.Аммо вазири умури дохилӣ нагуфт, ки мақомоти Тоҷикистон низ чунин ниятро доранд ё на.Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бо зиёд шудани телефонҳои ҳамроҳ ҳолатҳои баҳси ронандагон бо кормандони милиса, аз ҷумла нозирони роҳ низ зиёд сабт мешаванду ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Дар бархе ҳолатҳо ронандагон бо иддаои он, ки ҳуқуқҳояш нақз шуда истодаанд, аъмоли корманди умури дохилиро сабт мекунад.Таҷрибаи сабти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми қонуншиканӣ дар вақти адои хизмат роиҷ аст ва чунин наворҳо дар шабакаҳои интернетӣ зиёд нашр гардидаанд.
https://sputnik.tj/20210219/Vazir-Avangard-faoliyat-1032854831.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032721504_158:0:2737:1934_1920x0_80_0_0_e3efb97b2fd1a6e3921a5c82e2988485.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, сабт, видео, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, сабт, видео, дар тоҷикистон
Вазир: ба наворгирии кормандони милиса дар Тоҷикистон манъ нест
14:05 19.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон ҷанбаи қонунии сабти кормандони милиса ё худ нозирони роҳро аз ҷониби ронандагон шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, гуфт, ягон қонуне дар Тоҷикистон нест, ки ба навор гирифтани кормандони милисаро манъ карда бошад.
"Лекин аз лиҳози агар башарӣ гирему қонуни Тоҷикистон дар бораи шахсият, ҳар касро навор гирифтану тариқи интернету каналҳо паҳн кардан дуруст нест", - посух дод Раҳимзода.
Ӯ гуфт, дар бисёри кишварҳо қонунҳое қабул шуда истодаанд, ки ба навор гирифтани кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқро маҳдуд карда истодаанд.
Аммо вазири умури дохилӣ нагуфт, ки мақомоти Тоҷикистон низ чунин ниятро доранд ё на.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон бо зиёд шудани телефонҳои ҳамроҳ ҳолатҳои баҳси ронандагон бо кормандони милиса, аз ҷумла нозирони роҳ низ зиёд сабт мешаванду ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд. Дар бархе ҳолатҳо ронандагон бо иддаои он, ки ҳуқуқҳояш нақз шуда истодаанд, аъмоли корманди умури дохилиро сабт мекунад.
Таҷрибаи сабти корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми қонуншиканӣ дар вақти адои хизмат роиҷ аст ва чунин наворҳо дар шабакаҳои интернетӣ зиёд нашр гардидаанд.