Директори Агентӣ: синни миёнаи хизматчиёни давлатӣ 37,3 аст

© Sputnik / Амир ИсаевДавлатов Джума Махмадалиевич директор агенства госслужащих, архивное фото
Давлатов Джума Махмадалиевич директор агенства госслужащих, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Обуна шудан
Ҷумъа Давлатов, мудири Ожонси хизмати давлатии назди раисиҷумҳури Тоҷикистон, теъдоди хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла шумораи занону ҷавононро эълон кард
ДУШАНБЕ, 19 фев— Sputnik. Давлатов мегӯяд, дар баъзе мақомоти давлатӣ барои ҷалби ҷавонон ва занон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд.
Ноги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Ҳилолбӣ Қурбонзода: дар баробари занҳои танфурӯш мардҳо ҳам бояд муҷозот шаванд
Ба иттилои мудири Ожонси хизмати давлатӣ, шумораи хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ то 1 январи соли равон  19 ҳазору 210 нафарро ташкил дод.
“Аз ин теъдоди занҳо 4 ҳазору 485 ё 23,3 фоиз, теъдоди ҷавонони то 35-сола 9095 нафар ё 47,3 фоиз мебошад. Синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,3 солро ташкил медиҳад”, - навиштааст “Ховар” аз қавли Давлатов.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки аз 5 ҳазоур 718 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1098 нафар ё 19,2 фоизи онро занони роҳбар ташкил менамоянд. Теъдоди умумии занон нисбат ба 1 январи соли гузашта 78 нафар ва занони роҳбар 51 нафар зиёд арзёбӣ шудааст.
Ба иттилои Ожонси хизмати давлатии назди раисиҷумҳур, аз 9 ҳазору 95 нафар  ҷавонони то 35-солаи хизмати давлатӣ  1 ҳазору 441 нафар дар мансабҳои роҳбарикунанда  қарор доранд.
Дар баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вобаста ба ҷалби занону духтарон ба хизмати давлатӣ тадбирҳои дахлдор андешида намешаванд, таъкид намудасст Ҷумъа Давлатов, аммо аз ниҳодҳои мушаххас ном набурд.
Лентаи хабарҳо
0