Далер Ҷумъа таъйинаш ба вазириро ғайричашмдошт хонд: ӯ гуфт, Президент чӣ мехоҳад

© Sputnik Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума,
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.02.2021
Обуна шудан
Далер Ҷумъа, собиқ роҳбари ширкати “Помир Энерҷӣ” гуфт, интизор надошт, ки ба мақоми вазирӣ дар ҳукумат таъйин мешавад
ДУШАНБЕ, 19 фев— Sputnik. Далер Ҷумъа мегӯяд, таъйиноташ ба мақоми вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон барояш ғайричашмдошт буд.
Маҷлиси ҳукуматии ҶТ, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.11.2020
Хатмкардаи Ҳарвард, менеҷер аз лоиҳаи Оқохон: Далер Ҷумъа, вазири нав кист?
Ӯ таъкид кард, ки ин боварӣ аз як ҷониб мояи ифтихор аст, аммо аз ҷониби дигар масъулияти ҷиддиеро пешаш гузошт.
Далер Ҷумъа инчунин тавзеҳ дод, ки дар вақти таъйинот Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ӯ чӣ дастур додааст.
“Роҳбари давлат дар вақти таъйинот самтҳои асосиро ба мо дастур дода, масъалаҳои муҳимро наздамон вазифагузорӣ намуданд. Махсусан, таъкид сохтанд, ки тариқи давом додани ислоҳот, самаранокиро дар низоми идоракунии энергетикӣ амалӣ намоем. Ҷалби сармоягузорӣ, истихроҷи нафту газ, истифодаи самараноки захираҳои обиро беҳтар гардонем”, - изҳор доштааст Ҷумъа дар суҳбат бо нашрияи “Ҷумҳурият”.
Ӯ афзудааст, ки ин вазифаҳо, аллакай, барномарезӣ шуда, ҳар шаш моҳ ба самтҳои алоҳида ҷудо гардидаанд.
“Шаш моҳи аввал барои ислоҳоти системаи энергетикӣ равона мешавад. Дар ин раванд таҷрибаи дар ширкати “Помир Энерҷӣ” доштаро истифода мекунем. Ҳамаи донишу малака баҳри рушди соҳа равона мешавад, то ки умедвориҳои мардум ва эътимоди сарвари давлатамонро бароварда тавонем”, - изҳор доштааст вазири энергетика.
Ӯ инчунин аз таҷрибаи истифодаи нерӯгоҳҳои хурд, манбаъҳои алтернативии энергия ва коҳиши талафоти барқ дар “Помир Энерҷӣ” гуфта, сирри муваффақиятҳои "Помир Энерҷӣ"-ро дар моделаш хондааст.
Здание Барки Точик. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Ҳукумати Тоҷикистон 5 миллиард қарзи "Барқи тоҷик"- ро бахшид
Ба гуфтаи вазир, дар масъалаи талафоти нерӯи барқ омилҳои техникӣ ва инсонӣ вуҷуд доранд.
“Барои аз байн бурдани омили инсонӣ метавонем, ки таҷрибаи шаҳри Хуҷандро мавриди истифода қарор диҳем. Баъди ислоҳот дар шаҳри Хуҷанд сатҳи талафот аз 18% ба 9%, яъне ду баробар кам шуда, ҷамъоварии маблағ дар сатҳи 97-98% таъмин гардид. Вале ин ҳанӯз қаноаткунанда нест. Ҷамъоварии маблағ бояд 100% ва аз ин ҳам зиёдтар бошад, зеро қарздории солҳои пеш низ бояд ҷамъоварӣ шавад”, - илова намудаст Далер Ҷумъа.
Ӯ афзудааст, ки ҳамчунин, таҷрибаи ҶСК “Помир Энерҷӣ”-ро метавон истифода кард.
“Ҳоло дар шаҳри Хоруғ талафот 8% ва дар миқёси вилоят 9%-ро ташкил медиҳад. Дар заминаи лоиҳаҳои дигаре, ки алъон мавриди татбиқ қарор доранд, талафот дар ВМКБ бояд ба 6% расад. Ҳар ду таҷрибаи хубро ба як низом дароварда, татбиқ мекунем”, - таъкид кардааст Далер Ҷумъа.
Лентаи хабарҳо
0