https://sputnik.tj/20210218/andoz-bloger-zevarov-orzu-dugonaho-1032848032.html
Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард
Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати 10-гонаи фаъолтарин блогерҳои Тоҷикистонро пешниҳод кард. Ба он каналҳои Орзу Исоев, Беҳрӯз Зеваров ва лоиҳаи "Дугонаҳо"... 18.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-18T13:47+0500
2021-02-18T13:47+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
орзу исоев
беҳрӯз зеваров
андоз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102261/46/1022614645_0:80:1526:938_1920x0_80_0_0_e8e39779c2b44af4fa42af2cb19e474c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Тибқи феҳрасте, ки Кумитаи андози Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигрон пешниҳод кард, аз ҷониби Halva.tj анҷом дода шуда, он 10 блогери фоъоли кишварро фаро мегиранд.Тибқи таҳлилҳо, ин каналҳо дар пойгоҳи Ютуб аз 800 ҳазор обуначӣ, то 430 миллионро тамошобин доштанд.Ҳамин тавр, тибқи ин феҳраст ҷои якумро канали Tamoshow мегирад, ки 867 ҳазор ҳамванд ё обуначӣ дошта, теъдоди умумии тамошои наворҳои ин канал 430 миллионро ташкил медодааст."Канали калони мусиқии ҳунармандони тоҷик мебошад. Нашр шудани тарона дар ин канал маънои маъруфияти овозхонро дорад. Муаллифаш Беҳрӯ Зеваров аст", - омадааст дар он.Дар ҷои дувум шабакаи "Территория юмора" омадааст, ки 66,8 ҳазор ҳамванд ва 9,5 миллион тамошобин доштааст.Ҷои севумро лоиҳаи "Дугонаҳо" бо 19 миллион тамошобин, ҷои чорумро "Imshab Live"-и Мубориз Усмонов, панҷум канали "ORZU"-и Орзу Исоев бо 6 миллион теъдоди умумии тамошобинон гирифтаанд.Гаронарзиштарин блогерони Русия муайян шудандБа панҷгонаи сонӣ, канали мутааллиқ ба Рафаэл Гулов - 3 миллион тамошобин, "Nigmatov Mansurov"- 19 миллион тамошобин, лоиҳаи "Бонуи пурҳунар"- 7 миллион тамошобин, канали "IRON KING" - 2 миллион тоимошобин ва ҷои охиронро лоиҳаи "Ишқ, пул, Душанбе" бо 4 миллион теъдоди умумии тамошобинҳо гирифтааст.Дар ҳамин ҳол, намояндаи Кумитаи андоз, Шамсулло Кабирзода, сарвари Сарраёсати маъмурикунонии андозҳо дар рафти нишасти матбуотӣ гуфт, ки мувофиқи таҳлилҳои ниҳодаш фаъолияти 29 блогер дар Тоҷикистон ошкор шуд.Аммо, ба гуфтаи масъулини кумита, онҳо даромади блогерҳои мазкурро феълан ҳисоб накардаанд.Писаракро чакан пӯшондаву дар сараш тухм шикастанд: ҳабси блогерон барои пранки таҳқиромезҲамин тавр, ба блогерони тоҷик Кумитаи андоз огоҳинома додааст, ки то 1 апрел ба ниҳод дар бораи фаъолияташон эъломия пешниҳод созанд.
https://sputnik.tj/20210218/bloger-tojikiston-ogihinoma-1032847011.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102261/46/1022614645_85:0:1442:1018_1920x0_80_0_0_e638b3171f334ecfce0393d77675df4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, орзу исоев, беҳрӯз зеваров, андоз
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, орзу исоев, беҳрӯз зеваров, андоз
Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард
13:47 18.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати 10-гонаи фаъолтарин блогерҳои Тоҷикистонро пешниҳод кард. Ба он каналҳои Орзу Исоев, Беҳрӯз Зеваров ва лоиҳаи "Дугонаҳо" шомиланд
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Тибқи феҳрасте, ки Кумитаи андози Тоҷикистон дар рафти нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигрон пешниҳод кард, аз ҷониби Halva.tj анҷом дода шуда, он 10 блогери фоъоли кишварро фаро мегиранд.
Тибқи таҳлилҳо, ин каналҳо дар пойгоҳи Ютуб аз 800 ҳазор обуначӣ, то 430 миллионро тамошобин доштанд.
Ҳамин тавр, тибқи ин феҳраст ҷои якумро канали Tamoshow мегирад, ки 867 ҳазор ҳамванд ё обуначӣ дошта, теъдоди умумии тамошои наворҳои ин канал 430 миллионро ташкил медодааст.
"Канали калони мусиқии ҳунармандони тоҷик мебошад. Нашр шудани тарона дар ин канал маънои маъруфияти овозхонро дорад. Муаллифаш Беҳрӯ Зеваров аст", - омадааст дар он.
Дар ҷои дувум шабакаи "Территория юмора" омадааст, ки 66,8 ҳазор ҳамванд ва 9,5 миллион тамошобин доштааст.
Ҷои севумро лоиҳаи "Дугонаҳо" бо 19 миллион тамошобин, ҷои чорумро "Imshab Live"-и Мубориз Усмонов, панҷум канали "ORZU"-и Орзу Исоев бо 6 миллион теъдоди умумии тамошобинон гирифтаанд.
Ба панҷгонаи сонӣ, канали мутааллиқ ба Рафаэл Гулов - 3 миллион тамошобин, "Nigmatov Mansurov"- 19 миллион тамошобин, лоиҳаи "Бонуи пурҳунар"- 7 миллион тамошобин, канали "IRON KING" - 2 миллион тоимошобин ва ҷои охиронро лоиҳаи "Ишқ, пул, Душанбе" бо 4 миллион теъдоди умумии тамошобинҳо гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, намояндаи Кумитаи андоз, Шамсулло Кабирзода, сарвари Сарраёсати маъмурикунонии андозҳо дар рафти нишасти матбуотӣ гуфт, ки мувофиқи таҳлилҳои ниҳодаш фаъолияти 29 блогер дар Тоҷикистон ошкор шуд.
Аммо, ба гуфтаи масъулини кумита, онҳо даромади блогерҳои мазкурро феълан ҳисоб накардаанд.
Ҳамин тавр, ба блогерони тоҷик Кумитаи андоз огоҳинома додааст, ки то 1 апрел ба ниҳод дар бораи фаъолияташон эъломия пешниҳод созанд.