https://sputnik.tj/20210218/Toikistonu-zbekiston-tasmim-dorand-gardishi-savdoro-ba-1-milliard-dollar-rasonanad--1032846322.html
Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд гардиши савдоро ба 1 миллиард доллар расонанад
Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд гардиши савдоро ба 1 миллиард доллар расонанад
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба беҳбуд намудани шароити рушди ҳаҷми савдои мутақобила тариқи тадриҷан бекор намудани монеъаҳои техникии мавҷуда ва таъмини... 18.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-18T11:21+0500
2021-02-18T11:21+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
иқтисод
ӯзбекистон
савдо
ҳамкорӣ
рушд
маҳсулот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102215/55/1022155582_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_db86ea849a1e100b3a2cc5e3f67bd84c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ба таври маҷози бо Сардор Умурзоқов, муовини сарвазир ва вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод.Ба нақл аз пойгоҳи Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон зимни мулоқот тарафҳо ба рушди ҳамкориҳо миёни корхонаҳои саноатии мушаххаси ду кишвар дар самти истеҳсоли маҳсулоти технологӣ дар соҳаҳои электротехника ва мошинсозӣ, ки дар бозори кишварҳои минтақа ва давлатҳои сеюм талабот дорад, таваҷҷуҳ карданд.Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот амалисозии лоиҳаҳо дар бахши ҷорисозии низомҳои худкори назорат ва баҳисобгирии неруи барқ, инчунин идоракунии фосилавии таҷҳизоти рӯшноидиҳандаи беруна дар иншооти саноатии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои дигари ояндадор арзёбӣ шуд.Тарафҳо барои рушди ҳамкории муштарак оид ба беҳбуд намудани шароити рушди ҳаҷми савдои мутақобила тариқи тадриҷан бекор намудани монеъаҳои техникии мавҷуда ва таъмини дастрасии мусоид ба маҳсулоти истеҳсоли кишварҳо ба бозорҳои ҳамдигар ба мувофиқа расиданд.Зикр шуд, ки ин иқдом ба иҷрои вазифаи гузошташуда дар мавриди то ба 1 миллиард доллар расонидани ҳаҷми гардиши савдо байни кишварҳо дар ояндаи наздик имкон фароҳам меорад.Мувофиқа шуд, ки ҷонибҳо дар фурсати наздик корҳоро оид ба таъсиси утоқҳои миллии савдо ва дигар иншооти соҳавии ин самт дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ба охир мерасонанд.
https://sputnik.tj/20210218/Tojikiston-sodirot-barq-Afgoniston-Uzbekiston-1032845710.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102215/55/1022155582_36:0:1000:723_1920x0_80_0_0_6660dcf2353d3a5dec02477864db72b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, ӯзбекистон, савдо, ҳамкорӣ, рушд, маҳсулот
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иқтисод, ӯзбекистон, савдо, ҳамкорӣ, рушд, маҳсулот
Тоҷикистону Ӯзбекистон тасмим доранд гардиши савдоро ба 1 миллиард доллар расонанад
11:21 18.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Тоҷикистону Ӯзбекистон доир ба беҳбуд намудани шароити рушди ҳаҷми савдои мутақобила тариқи тадриҷан бекор намудани монеъаҳои техникии мавҷуда ва таъмини дастрасии мусоид ба маҳсулоти истеҳсоли кишварҳо ба бозорҳои ҳамдигар ба мувофиқа расиданд
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ба таври маҷози бо Сардор Умурзоқов, муовини сарвазир ва вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон мулоқот анҷом дод.
Ба нақл аз пойгоҳи
Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон зимни мулоқот тарафҳо ба рушди ҳамкориҳо миёни корхонаҳои саноатии мушаххаси ду кишвар дар самти истеҳсоли маҳсулоти технологӣ дар соҳаҳои электротехника ва мошинсозӣ, ки дар бозори кишварҳои минтақа ва давлатҳои сеюм талабот дорад, таваҷҷуҳ карданд.
Таъкид шудааст, ки зимни мулоқот амалисозии лоиҳаҳо дар бахши ҷорисозии низомҳои худкори назорат ва баҳисобгирии неруи барқ, инчунин идоракунии фосилавии таҷҳизоти рӯшноидиҳандаи беруна дар иншооти саноатии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои дигари ояндадор арзёбӣ шуд.
Тарафҳо барои рушди ҳамкории муштарак оид ба беҳбуд намудани шароити рушди ҳаҷми савдои мутақобила тариқи тадриҷан бекор намудани монеъаҳои техникии мавҷуда ва таъмини дастрасии мусоид ба маҳсулоти истеҳсоли кишварҳо ба бозорҳои ҳамдигар ба мувофиқа расиданд.
Зикр шуд, ки ин иқдом ба иҷрои вазифаи гузошташуда дар мавриди то ба 1 миллиард доллар расонидани ҳаҷми гардиши савдо байни кишварҳо дар ояндаи наздик имкон фароҳам меорад.
Мувофиқа шуд, ки ҷонибҳо дар фурсати наздик корҳоро оид ба таъсиси утоқҳои миллии савдо ва дигар иншооти соҳавии ин самт дар шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд ба охир мерасонанд.