Шаҳрдорӣ гуфт, Душанбе васеъ мешавад, вале ноҳияи нав таъсис намешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Обуна шудан
 Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар пойтахт ноҳияи панҷум таъсис дода намешавад, вале шаҳр васеъ мешавад
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода дар нишасти хабарие ба рӯзноманигорон гуфт, ба ҷойи ноҳияи нав ҳудудҳои навоҳии Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур васеътар карда мешавад.
Вид на город Душанбе, 2020 год, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Шаҳрдории Душанбе гуфт, барои рангубори биноҳо аз аҳолӣ пул намегиранд
Ба иттилои манбаъ, дар ҳоли ҳозир марҳалаи гузариши 7 ҳазору 659 гектар замини ноҳияи Рӯдакӣ ба тавозуни шаҳри Душанбе идома дорад.
Ба иттилои манбаъ,  ҳудуди муқарраршуда дар якҷоягӣ бо шаҳракҳо ва иншооташон ба ин ноҳияҳо мегузарад, аммо таъсиси ноҳияи нав дар миён нест.
Ӯ гуфт, тасмим доранд, ки ин масъаларо дар иҷлосияи моҳи марти Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ва ё дар иҷлосияи шашмоҳа ҳал намоянд.
Ба гуфтаи ӯ, тибқи нақшаи генералӣ, аҳолии шаҳри Душанбе дар марҳилаи аввал ба 1 миллиону 200 ҳазор нафар ва баъдан то ба 2 миллион нафар хоҳад расид.
Маҷлиси миллӣ розигӣ дод: масоҳати Душанбе 7,7 ҳазор га васеъ мешавад
Ёдовар мешавем, ки фармони раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар бораи муқаррар намудани ҳудуди нави шаҳр тобистони гузашта тасдиқ кард, ки бар асоси он  Душанбе 7 ҳазору 66 гектар васеъ карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0