https://sputnik.tj/20210218/Kumita-Tajikistan-bitcoin-pul-kor-mekardand-andoz-bast--1032847473.html
Кумита афродеро, ки дар Тоҷикистон аз “биткойн” пул кор мекарданд, андоз баст
Кумита афродеро, ки дар Тоҷикистон аз “биткойн” пул кор мекарданд, андоз баст
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи андоз эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 60 нафар дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ба кор кардани “биткойн” ё криптоасъор машғул буданд 18.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-18T13:09+0500
2021-02-18T13:09+0500
2021-04-22T16:50+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
андоз
интернет
қурби асъор
суғд
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032847492_0:0:3165:1780_1920x0_80_0_0_eb074752a96be3dab8fa62d621f0bfb9.jpg
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Шамсулло Кабирзода, сардори сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андози Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки зимни корҳои таҳлилливу назораии Мақомоти андоз дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муайян намуданд, ки шумораи муайяни шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ ба истеҳсоли ҳамин шакли асъор машғул буданд.Вай гуфт, аз ҳудуди 60 нафар дар Тоҷикистон ба дарёфти "биткойн" машғули фаъолият ҳастанд.Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки аз ҷониби Кумитаи андоз албатта дар доираи салоҳият, шумораи дастгоҳҳоие, ки ба истеҳсоли ҳамин намуди асъор истифода мешаванд зиёда аз 500 адад ошкор карда шуд.Вай гуфт, ашхосе, ки маблағҳои уҳдадории андозӣ, доштанд ҳисоб карда шудааст ва аз ҷониби ин ашхос ба буҷет пардохт мешавад.Криптоасъор ё пули рақамӣ соли 2008 пайдо шуд ва то чанд соли гузашта бисёриҳо онро ба эътибор намегирифтанд ва мегуфтанд, ки шояд василаи роиҷи муомила нашавад, аммо сол ба сол истифода аз он густариш меёбад.Ҳоло бархе аз мағозаву ширкатҳо аз ин навъи пул дар кишварҳои Ғарб истифода мебаранд. Теъдоди соҳибони пули рақамӣ дар ҷаҳон мушаххас нест, вале аз назари баррасии мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам бархе ба ин гуна пул алоқамандӣ зоҳир мекунанд.Мақомот мегӯянд, ки биткойн дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун воситаи муомилот эътироф нашудааст ва ҳамагуна муомилаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳатман бо сомонӣ сурат мегиранд.Қаблан нозирони андози Суғд ҳам пули рақамиро "хавфнок ва монеи пешрафти ҷомеа" номиданд.Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон чаҳор нафарро барои “истихроҷ” ва ё мусоидат дар додугирифт бо пули рақамӣ, ба мисли “биткойн” дастгир кардаанд. То ҳол рӯшан нест онҳо ба надодани андоз аз даромади додуситад бо пули рақамӣ гунаҳкор мешаванд ё дуздии ҳазорон киловат нерӯи барқ, ки компютерҳо барои ҳифзу рамзгузории пули рақамӣ истифода мебаранд.Пулҳои рақамӣ аз ҷумла “биткойн” сол ба сол роиҷтар мешаванд ва дар баъзе кишварҳо дар муомилот ба кор меравад. Арзиши як биткойн ҳоло тақрибан 51 ҳазор доллар аст.
https://sputnik.tj/20210122/Kriptoasor-million-zarar-video-1032677499.html
суғд
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/12/1032847492_434:0:3165:2048_1920x0_80_0_0_8a943c6de62e5134d6d4b3f00ae26ff6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, андоз, интернет, қурби асъор, суғд, душанбе
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, андоз, интернет, қурби асъор, суғд, душанбе
Кумита афродеро, ки дар Тоҷикистон аз “биткойн” пул кор мекарданд, андоз баст
13:09 18.02.2021 (Навсозишуда: 16:50 22.04.2021) Кумитаи андоз эълон кардааст, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 60 нафар дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ба кор кардани “биткойн” ё криптоасъор машғул буданд
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Шамсулло Кабирзода, сардори сарраёсати маъмурикунонии андозҳои Кумитаи андози Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштааст, ки зимни корҳои таҳлилливу назораии Мақомоти андоз дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ муайян намуданд, ки шумораи муайяни шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ ба истеҳсоли ҳамин шакли асъор машғул буданд.
Вай гуфт, аз ҳудуди 60 нафар дар Тоҷикистон ба дарёфти "биткойн" машғули фаъолият ҳастанд.
“Дар гурӯҳҳои кории байни идоравӣ ин гуна ҳолатҳое ошкор шуд. Аз ҷумла дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе ин ҳолатҳо ба қайд гирифта шуд. Дар доираи гурӯҳи корӣ нисбати ин субъектҳо чораҷӯи дар доираи талаботи қонунгузорӣ гардида истодааст”, - гуфт Шамсулло Кабирзода.
Вай ҳамчунин таъкид дошт, ки аз ҷониби Кумитаи андоз албатта дар доираи салоҳият, шумораи дастгоҳҳоие, ки ба истеҳсоли ҳамин намуди асъор истифода мешаванд зиёда аз 500 адад ошкор карда шуд.
Вай гуфт, ашхосе, ки маблағҳои уҳдадории андозӣ, доштанд ҳисоб карда шудааст ва аз ҷониби ин ашхос ба буҷет пардохт мешавад.
Криптоасъор ё пули рақамӣ соли 2008 пайдо шуд ва то чанд соли гузашта бисёриҳо онро ба эътибор намегирифтанд ва мегуфтанд, ки шояд василаи роиҷи муомила нашавад, аммо сол ба сол истифода аз он густариш меёбад.
Ҳоло бархе аз мағозаву ширкатҳо аз ин навъи пул дар кишварҳои Ғарб истифода мебаранд. Теъдоди соҳибони пули рақамӣ дар ҷаҳон мушаххас нест, вале аз назари баррасии мавзуъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳам бархе ба ин гуна пул алоқамандӣ зоҳир мекунанд.
Мақомот мегӯянд, ки биткойн дар қонунгузории Тоҷикистон ҳамчун воситаи муомилот эътироф нашудааст ва ҳамагуна муомилаҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳатман бо сомонӣ сурат мегиранд.
Қаблан нозирони андози Суғд ҳам пули рақамиро "хавфнок ва монеи пешрафти ҷомеа" номиданд.
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон чаҳор нафарро барои “истихроҷ” ва ё мусоидат дар додугирифт бо пули рақамӣ, ба мисли “биткойн” дастгир кардаанд.
То ҳол рӯшан нест онҳо ба надодани андоз аз даромади додуситад бо пули рақамӣ гунаҳкор мешаванд ё дуздии ҳазорон киловат нерӯи барқ, ки компютерҳо барои ҳифзу рамзгузории пули рақамӣ истифода мебаранд.
Пулҳои рақамӣ аз ҷумла “биткойн” сол ба сол роиҷтар мешаванд ва дар баъзе кишварҳо дар муомилот ба кор меравад. Арзиши як биткойн ҳоло тақрибан 51 ҳазор доллар аст.