Борону барф меборад: ҳушдори обуҳавошиносон аз сардиҳои наздик баъди гармӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЗима в городе Душанбе
Зима в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.02.2021
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар додааст, ки аз 20 то 23 феврал дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, эҳтимоли боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барф вуҷуд дорад
ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  20 то 23 феврали имсол дар ҷумҳурӣ ҳаво якбора номусоид шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ ва кӯҳӣ барф меборад.
Гуфта шудааст, ки 21-23 феврал дар баъзе ноҳияҳо бориш шиддат гирифта, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 8-10 дараҷа паст мешавад.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки санаи 19 феврал дар қисми зиёди ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазъи ҳаво тағйир ёфта, охири рӯз дар баъзе ноҳияҳои ҷудогона боридани борон дар назар дошта шудааст.
“20, 21 ва 22 феврал дар қисми зиёди водиҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, борон ва дар доманакӯҳҳо  борон ба барф мубаддал мегардад. Дар ин рӯзҳо дар натиҷаи  бориши гуногун ҳарорат паст шуда, рӯзона ҳаво 13+18 дараҷа гарм мешавад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Дар ҳамин Агентии обуҳавошиносии  зикр кардааст, ки дар вилояти Суғд низ аз 20 то 22 феврал дар натиҷаи бориш  ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Прохожие на проспекте Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Баҳори пешқадам: имрӯз дар Тоҷикистон то 23 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияҳои тобеи марказ бориш шиддат гирифта, ҳаво дар водиҳо  шабона  3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳавои аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм пешбинӣ шудааст.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадашон 20, 21 ва 22 феврал ҳаво абрнок шуда, дар ғарби вилоят борон, барф ва дар қисмати шарқӣ асосан барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар минтақаи ғарбии  ВМКБ аз 1-6 то 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе 20-22 феврал ҳаво абрнок шуда, борон меборад. Дар баъзе ҳолатҳо шиддат гирифтани борон дар назар буда, ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 10+12 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0