https://sputnik.tj/20210217/tojikiston-kudak-tajovuz-1032839416.html
Дар Тоҷикистон давоми як сол 9 кӯдак таҷовуз шуд
Дар Тоҷикистон давоми як сол 9 кӯдак таҷовуз шуд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳилолбӣ Қурбонзода мегӯяд, ҳар бор пас аз шунидани ингуна хабарҳои мудҳиш ҳайрон мешавад, ки мард чигуна метавонад ба номуси як кӯдаки заиф дастдарозӣ кунад 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T11:02+0500
2021-02-17T11:02+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
таҷовуз
зан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032455582_0:104:1201:779_1920x0_80_0_0_5d16433bfb3cb822b9aea49c3fa7764f.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Раиси Кумитаи занон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш гуфт, дар як соли гузашта дасти кам 9 ноболиғ дар Тоҷикистон мавриди таҷовуз қарор гирифтанд.Ӯ гуфт, ҳар бор ҳайрон мешавад, ки мард чӣ гуна метавонад дар нисбат ба як кӯдак, ки тамоман заиф аст ва қобилияти худро муҳофизат кардан надорад, ингуна корҳои ваҳшиёнаро раво мебинад.Зимнан, ӯ гуфт, ки ниҳоди зертобеяш нисбат ба ҳар як ҳодисаи таҷовузи кӯдак дар кишвар вокуниш нишон медиҳад ва фавран гурӯҳҳои кориро таъсис дода, ба макони ҳодиса сафарбар мекунад.Раиси кумита аз он изҳори нигаронӣ кард, ки барои пешгирӣ намудани ингуна ҳолатҳо ҳарчанд ниҳоди онҳо пайваста чорабиниҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ дар ҳар як вилоят, шаҳру ноҳия доир мекунанд, вале бо вуҷуди ин ҳолатҳои нангин ҳамоно рух медиҳанд.Қурбонзода илова намуд, ки ҳолатҳои таҷовузи ноболиғон давоми як соли гузашта, аз ҷумла дар шаҳри Турсунзода, навоҳии Кӯшониёну Шуғнон, шаҳри Норак, ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор ва ҳамчунин ноҳияи Нуробод рух додааст.Даҳшат: таҷовузи писарбача дар ҲисорБа таъкиди раиси кумита, пас аз рух додани ин ҳолатҳо, гурӯҳи корӣ ба макони ҳодиса сафарбар ва бо ҷабрдидагон суҳбатҳо доир мекунад.Ёдовар мешавем, ки таҷовузи духтари 12 - сола дар Ҳисор ва сипас ҳомиладор шудани ӯ дар ҷомеа сару садоҳои зиёде ба бор овард.Ҳарчанд дастандаркори ин ҳодисаи даҳшатбор боздошт шуда буд, вале дар асоси афв ӯ ба озодӣ баромад.Зимнан, чанд рӯз пеш низ дар ин минтақа ба номуси як писарбачаи ноболиғ дастдарозӣ шуд. Ба маълумоти дарёфтӣ, муттаҳами ин ҳодиса ҳоло дар боздошт аст ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
https://sputnik.tj/20210213/Tafsilot-kushtor-zan-hisor-navor-1032819620.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/0f/1032455582_12:0:1187:881_1920x0_80_0_0_180ce9d210b3b440c61060df726ad492.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, таҷовуз, зан
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, таҷовуз, зан
Дар Тоҷикистон давоми як сол 9 кӯдак таҷовуз шуд
11:02 17.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ҳилолбӣ Қурбонзода мегӯяд, ҳар бор пас аз шунидани ингуна хабарҳои мудҳиш ҳайрон мешавад, ки мард чигуна метавонад ба номуси як кӯдаки заиф дастдарозӣ кунад
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Раиси Кумитаи занон Ҳилолбӣ Қурбонзода имрӯз зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш гуфт, дар як соли гузашта дасти кам 9 ноболиғ дар Тоҷикистон мавриди таҷовуз қарор гирифтанд.
Ӯ гуфт, ҳар бор ҳайрон мешавад, ки мард чӣ гуна метавонад дар нисбат ба як кӯдак, ки тамоман заиф аст ва қобилияти худро муҳофизат кардан надорад, ингуна корҳои ваҳшиёнаро раво мебинад.
Зимнан, ӯ гуфт, ки ниҳоди зертобеяш нисбат ба ҳар як ҳодисаи таҷовузи кӯдак дар кишвар вокуниш нишон медиҳад ва фавран гурӯҳҳои кориро таъсис дода, ба макони ҳодиса сафарбар мекунад.
Раиси кумита аз он изҳори нигаронӣ кард, ки барои пешгирӣ намудани ингуна ҳолатҳо ҳарчанд ниҳоди онҳо пайваста чорабиниҳои маърифатию фаҳмондадиҳӣ дар ҳар як вилоят, шаҳру ноҳия доир мекунанд, вале бо вуҷуди ин ҳолатҳои нангин ҳамоно рух медиҳанд.
Қурбонзода илова намуд, ки ҳолатҳои таҷовузи ноболиғон давоми як соли гузашта, аз ҷумла дар шаҳри Турсунзода, навоҳии Кӯшониёну Шуғнон, шаҳри Норак, ноҳияи Рӯдакӣ, ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисор ва ҳамчунин ноҳияи Нуробод рух додааст.
Ба таъкиди раиси кумита, пас аз рух додани ин ҳолатҳо, гурӯҳи корӣ ба макони ҳодиса сафарбар ва бо ҷабрдидагон суҳбатҳо доир мекунад.
Ёдовар мешавем, ки таҷовузи духтари 12 - сола дар Ҳисор ва сипас ҳомиладор шудани ӯ дар ҷомеа сару садоҳои зиёде ба бор овард.
Ҳарчанд дастандаркори ин ҳодисаи даҳшатбор боздошт шуда буд, вале дар асоси афв ӯ ба озодӣ баромад.
Зимнан, чанд рӯз пеш низ дар ин минтақа ба номуси як писарбачаи ноболиғ дастдарозӣ шуд. Ба маълумоти дарёфтӣ, муттаҳами ин ҳодиса ҳоло дар боздошт аст ва нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.