https://sputnik.tj/20210217/rais-bark-tojik-mahdudiyat-lakhsh-bekhabar-1032843054.html
Бехабарии раиси "Барқи тоҷик" аз маҳдудияти иловагӣ дар Лахш: ваъда дод, месанҷад
Бехабарии раиси "Барқи тоҷик" аз маҳдудияти иловагӣ дар Лахш: ваъда дод, месанҷад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати "Барқи тоҷик" ба таври расмӣ аз соати 23:00 то 6- и саҳар маҳдудияти интиқоли неруи барқро эълон кард, вале дар ноҳияи Рашт иловатан рӯзона ҳам "лимит"... 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T16:37+0500
2021-02-17T16:37+0500
2021-02-17T16:50+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
энергетика
"барқи тоҷик"
маҳдудият
барқ
лахш
мирзо исмоилзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102545/86/1025458688_0:10:1000:573_1920x0_80_0_0_9954d256ee97fb04cdcbe69aa4abffd5.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Давоми як моҳи ахир нерӯи барқ барои сокинони ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) рӯзона ҳам маҳдуд мешавад, гуфт хабарнигоре дар нишасти матбуотии ширкати "Барқи тоҷик".Ӯ дар муроҷиат ба раиси ширкати мазкур суол намуд, ки чаро барқи сокинони ноҳияи Лахш дар баробари маҳдудияти шабона, ҳамчунин рӯзона ҳам барои 5 соат қатъ мешавад.Аммо Исмоилзода, роҳбари ин ниҳод аз мавҷуд будани маҳдудияти иловагӣ барои сокинони ин минтақа изҳори бехабарӣ намуда, афзуд шояд маълумоти хабарнигор носаҳеҳ бошад."Чунин маҳдудият мавҷуд нест ва агар сурат гирифта бошад ҳам, шояд бар асари ягон садама иттифоқ афтодааст", - шарҳ дод Исмоилзода.Ба исрори хабарнигор, маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар ноҳияи мазкур давоми як моҳ аз соати 9 -и саҳар то соати 13:00- и рӯз идома меёбад ва ҳамзамон "лимит"- е, ки ширкати "Барқи тоҷик" аз соати 23 -и шаб то соати 6 - и субҳ муқарар кардааст, низ бидуни таъхиркорӣ ҷорист.ТАЛКО аз "Барқи тоҷик" 390 миллион сомонӣ қарздор астДар ин робита яке аз масъулони ширкати мазкур аз хабарнигор гиламандона суол кард, ки чаро сокинони ин минтақа тариқи телефонҳои боварӣ боре ҳам тамос нагирифтанд ва аз мавҷуд будани чунин мушкилӣ арз накарданд.Зимнан, роҳбари "Барқи тоҷик" ваъда дод, ки дар зудтарин фурсат ин масъаларо таҳқиқ ва ҳал мекунад.
https://sputnik.tj/20210217/Barki-tojik-limit-bark-laqv-1032842574.html
лахш
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102545/86/1025458688_112:0:889:583_1920x0_80_0_0_9a3d8f9e5adf3ad29553e68b1eea9c7a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, энергетика, "барқи тоҷик", маҳдудият, барқ, лахш, мирзо исмоилзода
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, энергетика, "барқи тоҷик", маҳдудият, барқ, лахш, мирзо исмоилзода
Бехабарии раиси "Барқи тоҷик" аз маҳдудияти иловагӣ дар Лахш: ваъда дод, месанҷад
16:37 17.02.2021 (Навсозишуда: 16:50 17.02.2021) Ширкати "Барқи тоҷик" ба таври расмӣ аз соати 23:00 то 6- и саҳар маҳдудияти интиқоли неруи барқро эълон кард, вале дар ноҳияи Рашт иловатан рӯзона ҳам "лимит" ҷорӣ будааст
ДУШАНБЕ, 17 фев - Sputnik. Давоми як моҳи ахир нерӯи барқ барои сокинони ноҳияи Лахш (собиқ Ҷиргатол) рӯзона ҳам маҳдуд мешавад, гуфт хабарнигоре дар нишасти матбуотии ширкати "Барқи тоҷик".
Ӯ дар муроҷиат ба раиси ширкати мазкур суол намуд, ки чаро барқи сокинони ноҳияи Лахш дар баробари маҳдудияти шабона, ҳамчунин рӯзона ҳам барои 5 соат қатъ мешавад.
Аммо Исмоилзода, роҳбари ин ниҳод аз мавҷуд будани маҳдудияти иловагӣ барои сокинони ин минтақа изҳори бехабарӣ намуда, афзуд шояд маълумоти хабарнигор носаҳеҳ бошад.
"Чунин маҳдудият мавҷуд нест ва агар сурат гирифта бошад ҳам, шояд бар асари ягон садама иттифоқ афтодааст", - шарҳ дод Исмоилзода.
Ба исрори хабарнигор, маҳдудияти интиқоли неруи барқ дар ноҳияи мазкур давоми як моҳ аз соати 9 -и саҳар то соати 13:00- и рӯз идома меёбад ва ҳамзамон "лимит"- е, ки ширкати "Барқи тоҷик" аз соати 23 -и шаб то соати 6 - и субҳ муқарар кардааст, низ бидуни таъхиркорӣ ҷорист.
Дар ин робита яке аз масъулони ширкати мазкур аз хабарнигор гиламандона суол кард, ки чаро сокинони ин минтақа тариқи телефонҳои боварӣ боре ҳам тамос нагирифтанд ва аз мавҷуд будани чунин мушкилӣ арз накарданд.
Зимнан, роҳбари "Барқи тоҷик" ваъда дод, ки дар зудтарин фурсат ин масъаларо таҳқиқ ва ҳал мекунад.