https://sputnik.tj/20210217/kurbonzoda-pisarho-khonador-zindagi-omoda-1032839630.html
Қурбонзода гуфт, писарҳоро қабл аз хонадор кардан, бояд ба зиндагӣ омода кард
Қурбонзода гуфт, писарҳоро қабл аз хонадор кардан, бояд ба зиндагӣ омода кард
Sputnik Тоҷикистон
Омода набудани мард ба ҳаёти мустақилона дар Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии пош хӯрдани оилаи навбунёд мегардад 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T11:45+0500
2021-02-17T11:45+0500
2021-04-22T16:40+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
ҳилолбӣ қурбонзода
хонадорӣ
хатлон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103136/63/1031366342_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_5f8565ad7111da9a1fdad09a3e2e0da9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Раиси кумитаи занон имрӯз дар нишасти хабарӣ аз муроҷиати як зан ба кумита мисол оварда гуфт, волидон набояд бар он кӯшанд, ки писари худро ҳарчӣ зудтар хонадор кунанд, балки нахуст ӯро бояд ба зиндагии мустақил омода созанд.Ҳилолбӣ Қурбонзода дар шарҳи муроҷиати як сокини Душанбе гуфт, "зан хонаи шахсӣ надорад ва илова бар ин писараш камтар мушкили равонӣ дорад".Бо изҳори он зан, ҳамаи ҳамсояҳо ва наздикон ба ӯ маслиҳат додаанд, ки ҳарчи зудтар фарзандашро хонадор кунанд ва он гоҳ бемории ӯ рафъ мешавад.Аммо Қурбонзода мегӯяд, ингуна муносибати саҳлангории волидон муҷиби пош хӯрдани оилаҳои навбунёд мешавад.Ӯ бар ин назар аст, ки фарзандро нахуст ба манзили зист бояд таъмин кард. Илова бар ин, мард бояд соҳибмаълумот ва дорои шуғле бошад, ки тавонад зану фарзанди худро таъмин кунад.Дар Душанбе тарҳи "Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ барои солҳои 2020-2021" баррасӣ шудРаиси Кумитаи занон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯзҳо маҳз мушкилиҳои хонаводагӣ аз қабили набуди манзили зист ва надоштани ҷойи кор, омилҳои асосии аз ҳам ҷудо шудани хонаводаҳо мегарданд.
https://sputnik.tj/20201107/Afzoishi-judoshavii-oilaho-dar-nohiyahoi-Qubodiyonu-Jayhun--1032229823.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103136/63/1031366342_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_a99b74c3edfd9737c8c1d8e0abb36cb1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳилолбӣ қурбонзода, хонадорӣ, хатлон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳилолбӣ қурбонзода, хонадорӣ, хатлон
Қурбонзода гуфт, писарҳоро қабл аз хонадор кардан, бояд ба зиндагӣ омода кард
11:45 17.02.2021 (Навсозишуда: 16:40 22.04.2021) Омода набудани мард ба ҳаёти мустақилона дар Тоҷикистон яке аз омилҳои асосии пош хӯрдани оилаи навбунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Раиси кумитаи занон имрӯз дар нишасти хабарӣ аз муроҷиати як зан ба кумита мисол оварда гуфт, волидон набояд бар он кӯшанд, ки писари худро ҳарчӣ зудтар хонадор кунанд, балки нахуст ӯро бояд ба зиндагии мустақил омода созанд.
Ҳилолбӣ Қурбонзода дар шарҳи муроҷиати як сокини Душанбе гуфт, "зан хонаи шахсӣ надорад ва илова бар ин писараш камтар мушкили равонӣ дорад".
Бо изҳори он зан, ҳамаи ҳамсояҳо ва наздикон ба ӯ маслиҳат додаанд, ки ҳарчи зудтар фарзандашро хонадор кунанд ва он гоҳ бемории ӯ рафъ мешавад.
Аммо Қурбонзода мегӯяд, ингуна муносибати саҳлангории волидон муҷиби пош хӯрдани оилаҳои навбунёд мешавад.
Ӯ бар ин назар аст, ки фарзандро нахуст ба манзили зист бояд таъмин кард. Илова бар ин, мард бояд соҳибмаълумот ва дорои шуғле бошад, ки тавонад зану фарзанди худро таъмин кунад.
Раиси Кумитаи занон аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯзҳо маҳз мушкилиҳои хонаводагӣ аз қабили набуди манзили зист ва надоштани ҷойи кор, омилҳои асосии аз ҳам ҷудо шудани хонаводаҳо мегарданд.