ТАЛКО аз "Барқи тоҷик" 390 миллион сомонӣ қарздор аст

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевТаджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Обуна шудан
Мирзо Исмоилзода, раиси ширкати “Барқи тоҷик”, мегӯяд, Корхонаи алюминийи тоҷик соли гузашта, истифодаи барқро коҳиш додаст ва феълан ҳудуди 390 миллион сомонӣ аз барқ қарздор мебошад
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik.  Раиси ширкати “Барқи тоҷик”, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Корхонаи алюминийи тоҷик – ТАЛКО соли гузашта 2,131 миллиард киловат соат нерӯи барқ истифода кардааст.  Ӯ афзуд, ин нишондод соли 2019 ба  2,450 миллиард киловат соат баробар буд ва соли гузашта истифодаи барқ аз ҷониби ТАЛКО ҳудуди 318 миллион киловат соат коҳиш ёфт.
Сангтудинская ГЭС-1 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2021
"Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда" 140 миллион доллар қарздор шуд
Ба иттилои Исмоилзода, Корхонаи алюминийи тоҷик, аз ширкати “Барқи тоҷик” қарзи ҷорӣ надорад, яъне ҳаққи барқи соли гузашта истифодакардаашро пардохт кардааст. Аммо аз солҳои пешин  390 миллиолн сомонӣ қарзаш аз “Барқи тоҷик” боқӣ мондааст.
Ин дар ҳолест, ки ахиран Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, гуфт, пандемияи коронавирус имкон надод, ки нақшаҳои Корхонаи алюминийи тоҷик барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот амалӣ шаванд.
Ӯ гуфт, рушди истеҳсолот дар соли 2020 бояд ҳудуди 25 дарсадро ташкил медод, аммо пандемия нақшаҳоро халалдор намуд.
“Мутаассифона дар пайи сар задани пандемияи коронавирус, кокси нафтӣ барои истеҳсолот саривақт интиқол дода нашуд. Бори аввал дар таърихи ТАЛКО интиқоли ашёи хом тариқи мошинҳо роҳандозӣ гардид”, - изҳор дошт вазири саноат.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2021
Оё барқ боз гарон мешавад? Мӯъминзод дар бораи ба се қисм тақсим шудани "Барқи тоҷик"
Манбаъ илова намуд, ки мушкил инчунин бо дастрас кардани ашёи дигари хом низ буд, ки дар Қазоқистон истеҳсол мешавад ва он ҷо одамон ба далели пандемия ба кор набаромаданд.
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нав “Ширкати алюминийи тоҷик” дар соли 2020 ба маблағи 379,7 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Ҳаҷмии молии маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкат ба 84 ҳазор тонна баробар гардидааст.
ҶСК “Корхонаи алюминийи тоҷик” дар соли гузашта, алюминийи аввалияро ба маблағи 136,2 миллион доллар дар ҳаҷми 87 ҳазор тонна ба хориҷи кишвар содир кардааст. Харидори асосии алюминийи тоҷик кишварҳои Аврупо арзёбӣ мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0