https://sputnik.tj/20210217/Sartabib-tandurusti-karonavirus-Istiqlol-1032844388.html
Сартабиб дурӯғ мегуяд, ё Раёсати тандурустӣ: COVID-19 дар шаҳри Истиқлол буд ё набуд?
Сартабиб дурӯғ мегуяд, ё Раёсати тандурустӣ: COVID-19 дар шаҳри Истиқлол буд ё набуд?
Sputnik Тоҷикистон
Сартабиби шаҳри Истиқлол мегуяд, то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба каронавирус сабт нашудааст, аммо масъулони Раёсати тандурустии Суғд иттилоъ медиҳанд, ки ин... 17.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-17T19:00+0500
2021-02-17T19:00+0500
2021-02-17T18:59+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0b/1032067555_0:85:1620:996_1920x0_80_0_0_184e6d698831137d001ae0c2ad0576f9.jpg
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Валиназар Ғоибов, сартабиби шаҳри Истиқлол рӯзи 8 феврал зимни нишасти матбуотии раиси шаҳр дар посух ба саволи рӯзноманигорон гуфт, ки Истиқлол шаҳри орӣ аз каронавирус аст.“То имрӯз ягон мавриди гирифторӣ ба каронавируси навъи COVID-19 дар шаҳри Истиқлол дарёфт нашудааст”, - зикр кард Ғоибов.Аммо имрӯз 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ, масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар бораи шарҳи омори сироятёбӣ иттилоъ дода ва тавре гуфта мешавад шаҳри Истиқлол орӣ аз каронавирус набуда, балки дар замони хуруҷи ин беморӣ 7 ҳолати сироятёбӣ ва 1 фавт аз ҳисоби беморӣ дар ин шаҳр ҳам қайд шудааст.Ба иттилои масъулини тандурустии вилояд, коронавирус ва фавт аз ин беморӣ аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Панҷакент ва шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шудааст.Сартабиби шаҳри Истиқлол дар тавзеҳи ин ки, чи гуна шаҳр аз аз бемории ҳамагир эмин мондааст, зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “мо омаду рафти сокинонро таҳти назорати қатъӣ гирифтем. Рафтани сокинони аз 50 сола болоро, ба шаҳри Хуҷанд манъ намудем”."Коронавирус ҳеҷ куҷо намеравад": Мясников роҳи пирӯзӣ ба COVID-19-ро нишон додАммо аз омори ироакардаи Раёсати тандурустии Суғд дида мешавад, ки бо вуҷуди ин ҳама тадбирҳо каронавирус ба шаҳри Истиқлол ҳам раҳм накардааст ва ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаасту шояд худи сартабиб хабар надорад?
https://sputnik.tj/20210217/COVID-19-Sugd-nohiya-paydo-posukh-1032843670.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0b/1032067555_90:0:1530:1080_1920x0_80_0_0_d23a6b14f4492d86c482888ac623d5de.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тандурустӣ
Сартабиб дурӯғ мегуяд, ё Раёсати тандурустӣ: COVID-19 дар шаҳри Истиқлол буд ё набуд?
Сартабиби шаҳри Истиқлол мегуяд, то имрӯз ягон ҳолати сироятёбӣ ба каронавирус сабт нашудааст, аммо масъулони Раёсати тандурустии Суғд иттилоъ медиҳанд, ки ин шаҳр низ орӣ аз беморӣ набуд ва 7 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифта шудааст
ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Валиназар Ғоибов, сартабиби шаҳри Истиқлол рӯзи 8 феврал зимни нишасти матбуотии раиси шаҳр дар посух ба саволи рӯзноманигорон гуфт, ки Истиқлол шаҳри орӣ аз каронавирус аст.
“То имрӯз ягон мавриди гирифторӣ ба каронавируси навъи COVID-19 дар шаҳри Истиқлол дарёфт нашудааст”, - зикр кард Ғоибов.
Аммо имрӯз 17 феврал зимни нишасти матбуотӣ, масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд дар посух ба саволи рӯзноманигорон дар бораи шарҳи омори сироятёбӣ иттилоъ дода ва тавре гуфта мешавад шаҳри Истиқлол орӣ аз каронавирус набуда, балки дар замони хуруҷи ин беморӣ 7 ҳолати сироятёбӣ ва 1 фавт аз ҳисоби беморӣ дар ин шаҳр ҳам қайд шудааст.
Ба иттилои масъулини тандурустии вилояд, коронавирус ва фавт аз ин беморӣ аз ҳама бештар дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Б. Ғафуров, Панҷакент ва шаҳри Истаравшан ба қайд гирифта шудааст.
Сартабиби шаҳри Истиқлол дар тавзеҳи ин ки, чи гуна шаҳр аз аз бемории ҳамагир эмин мондааст, зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “мо омаду рафти сокинонро таҳти назорати қатъӣ гирифтем. Рафтани сокинони аз 50 сола болоро, ба шаҳри Хуҷанд манъ намудем”.
Аммо аз омори ироакардаи Раёсати тандурустии Суғд дида мешавад, ки бо вуҷуди ин ҳама тадбирҳо каронавирус ба шаҳри Истиқлол ҳам раҳм накардааст ва ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаасту шояд худи сартабиб хабар надорад?