https://sputnik.tj/20210216/suporish-rahmon-mirzo-tursunzoda-tajlil-1032837485.html
Бо супориши Раҳмон 110 - солагии Мирзо Турсунзода таҷлил мешавад
Бо супориши Раҳмон 110 - солагии Мирзо Турсунзода таҷлил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Аз Вазорати маорифу фарҳанг сар карда, то роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои баргузор намудани ҷашни 110-солагии Мирзо Турсунзода супоришу... 16.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-16T17:15+0500
2021-02-16T17:15+0500
2021-02-16T17:42+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
фарҳанг
мирзо турсунзода
супориш
эмомалӣ раҳмон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101932/58/1019325840_0:95:1914:1171_1920x0_80_0_0_69b9d4dea036ea9d5e00920b276c349f.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки соли ҷорӣ ҷашни 110 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил шавад, хабар медиҳад агентии "Ховар".Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии ҷашнӣ аз Вазорати маориф то Вазорати фарҳанг супоришҳои мушаххас гирифтанд.Гуфта мешавад, ба хотири таҷлили солгарди Турсунзода, конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ" баргузор мегардад.Илова бар ин, дар матбуоти даврӣ доир ба хизматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода мақолаҳои илмиву оммавӣ ба нашр мерасанд. Зимнан, Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки аз ашъори Мирзо Турсунзода барномаи консертӣ омода карда, онро дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор намояд.Ҳамчунин, рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) муваззаф шуданд, ки зери рубрикаи "Ба истиқболи 110-солагии Мирзо Турсунзода" мақолаҳо интишор гардонанд.Гилаи Гулрухсор ва посухи Раҳмонзода: чаро Бозор Собирро бо “усули мисрӣ” дафн карданд?Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ чорабиниҳои илмиву адабӣ доир мешавад.
https://sputnik.tj/20210207/Shoir-tojik-Karim-Haydar-joiza-1032777111.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101932/58/1019325840_0:0:1914:1435_1920x0_80_0_0_adb197accb6ac99fa01907007a4c91fe.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг, мирзо турсунзода, супориш, эмомалӣ раҳмон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, фарҳанг, мирзо турсунзода, супориш, эмомалӣ раҳмон
Бо супориши Раҳмон 110 - солагии Мирзо Турсунзода таҷлил мешавад
17:15 16.02.2021 (Навсозишуда: 17:42 16.02.2021) Аз Вазорати маорифу фарҳанг сар карда, то роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои баргузор намудани ҷашни 110-солагии Мирзо Турсунзода супоришу вазифаҳо гирифтанд
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки соли ҷорӣ ҷашни 110 солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил шавад, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабинии ҷашнӣ аз Вазорати маориф то Вазорати фарҳанг супоришҳои мушаххас гирифтанд.
Гуфта мешавад, ба хотири таҷлили солгарди Турсунзода, конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанги миллӣ" баргузор мегардад.
Илова бар ин, дар матбуоти даврӣ доир ба хизматҳои шоистаи Мирзо Турсунзода мақолаҳои илмиву оммавӣ ба нашр мерасанд.
Зимнан, Вазорати фарҳанг вазифадор карда шуд, ки аз ашъори Мирзо Турсунзода барномаи консертӣ омода карда, онро дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бо риояи чораҳои беҳдоштӣ баргузор намояд.
Ҳамчунин, рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ (ноҳиявӣ) муваззаф шуданд, ки зери рубрикаи "Ба истиқболи 110-солагии Мирзо Турсунзода" мақолаҳо интишор гардонанд.
Бо супориши Эмомалӣ Раҳмон дар ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ чорабиниҳои илмиву адабӣ доир мешавад.