Пас аз супориши Эмомалӣ Раҳмон: дар Гипрозем беморхона сохта мешавад

© SputnikОткрытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане
Открытие военного госпиталя 451 МО РФ в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Обуна шудан
Тарҳи сохтмони Беморхонаи касалиҳои сироятӣ аз ҷониби ширкати "Душанбешаҳрсоз" ва Сарраёсати меъморӣ таҳия мешавад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Интизор меравад, дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Сино, Беморхонаи касалиҳои сироятӣ сохта шавад, хабар медиҳад агентии "Ховар" дар истинод ба Саридораи меъморӣ ва шаҳрсозӣ.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.12.2020
Ҳукумат барои сохтмони беморхонаи сироятӣ замин ҷудо кард
Гуфта мешавад, ҳоло ҳукумати шаҳр тарҳеро интихоб мекунанд, ки дар асоси он ин беморхона сохта мешавад.
Сохтмони Беморхонаи касалиҳои сироятӣ пас аз супориши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯйи даст гирифта шуд.
Роҳбари давлат ҳанӯз зимни мулоқоти худ бо намояндагони соҳаи тандурустӣ супориш дод, ки то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатии кишвар, чунин як беморхона барои қабули маризон сохта ва ба истифода дода шавад.
Раисиҷумҳур аз ҷумла гуфт, "дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳое, ки беморхонаи касалиҳои сироятӣ надоранд, бо ҷалби соҳибкорон ҳарчи зудтар ба бунёди муассисаҳои тиббӣ оғоз бахшида шавад".
Дар Хатлон 941 иншооти тандурустӣ бунёду навсозӣ мешавад
Зикр мегардад, беморхоне, ки дар маҳаллаи Гипрозем сохта мешавад, барои 1200 кат пешбинӣ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0