Взятка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Хабару гузоришҳо дар мавриди фасодкорӣ дар Тоҷикистону хориҷро аз ин пайванд метавонед пайдо кард

Ошкори сарфи нодурусти маблағҳо дар "Роғун" ва парвандаи ҷиноӣ алайҳи Тоҳир Саидзода

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанСтроительство Рогунской ГЭС в Таджикистане
Строительство Рогунской ГЭС в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Обуна шудан
Тоҳир Саидзода, роҳбари ширкати сохтмонии “Файзи Истиқлол-25” барои сарфаи нодурусти маблағҳо дар сохтмони НБО Роғун боздошт шудааст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар ин бора Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод дар Тоҷикистон, зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш иттилоъ дод.
Агентство по финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.02.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Фасодзадатарин ниҳодҳо дар Тоҷикистон номбар шуданд - рӯйхат
Ба иттилои манбаъ, дар умум истифодаи нодурусти маблағҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 124,5 миллион сомонӣ дар НБО Роғун ошкор шудааст.
Номбурда гуфт, нисбати роҳбари ширкати сохтмонии “Файзи Истиқлол-25” Тоҳир Саидзода, ки яке аз пудратчиёни сохтмони НБО Роғун, барои азхудкунии маблағҳои буҷа дар ҳаҷми 2,8 миллион сомонӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Вай қайд кард, ки қариб тамоми маблағи азхудшуда баргардонида шуд.
Тибқи иттилои муовини якуми Оҷонсии мубориза бо коррупсия Музаффар Аҳмадзода дар якҷоягӣ бо Палатаи ҳисоб истифодаи ғайримақсадноки 818,8 ҳазор сомонӣ аз маблағҳои барои мубориза бо коронавирус ҷудошуда ошкор шудааст.
Оҷонсӣ боздошти Рӯзиева, мақомдори Вазорати молияро шарҳ дод
Номбурда ҳамзамон гуфт, 48 ҷинояти дигар дар мавриди фурӯши доруҳое, ки ба беморхонаҳо барои паҳнкунии ройгон барои беморони сирояти коронавирус фиристода шудаанд, ошкор карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0