https://sputnik.tj/20210216/Kheshutaborbozho-zid-shudand-korrupsiya-1032838910.html
Хешутаборбозҳо дар ним сол боз зиёд шуданд – шарҳи Агентии мубориза бо коррупсия
Хешутаборбозҳо дар ним сол боз зиёд шуданд – шарҳи Агентии мубориза бо коррупсия
Sputnik Тоҷикистон
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон соли гузашта 60 мавриди хешутаборбозӣ дар ниҳодҳои мухталифи кишварро ошкор кардааст 16.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-16T23:02+0500
2021-02-16T23:02+0500
2021-04-28T19:18+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
оҷонсии фасод
хешутаборӣ
парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102280/69/1022806910_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_8cc9362faba737aed370aba22407ba72.jpg
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Барот Расулӣ, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ҳарчанд қонунгузорӣ ба вазоҳат тақозо мекунад, ки аз бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ ҷилавгирӣ шавад, ин маворид тайи ним соли ахир афзойиш ёфтанд.“Дар сархати 5 – уми моддаи 22 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” омадааст, ки шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад, агар ба мансабҳое, ки онро хешовандони ў ишғол кардаанд, бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда бошад, яъне хизмати якҷояи хешовандони наздик ба бархӯрди манофеъ оварда мерасонад”, - гуфт Барот Расулӣ.Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари ин мавориди хешутаборбозӣ дар вазорати маориф ва илм ошкор шудаанд, ки 21 мавридро ташкил мекунад.Дар пайи он ин маворид дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 10, нақлиёт – 7, муассисаҳои зироаткорӣ – 7 ва сохторҳои дигар як ё ду ҳолат ошкор карда шудаанд.Дар ҳамин ҳол, моҳи июли соли равон Агентӣ хабар дода буд, ки баландтарин мақоми дар пайи татбиқи ин модда аз вазифа озодшуда, Саодат Очилдиева, директори ширкати “Тоҷиктрансгаз” буд.Ӯ ҷиянашро муҳосиби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз” таъин карда буд.Оҷонсӣ боздошти Рӯзиева, мақомдори Вазорати молияро шарҳ додТибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари афроде, ки бо ин модда аз вазифаҳои худ маҳрум шудаанд, директорони мактабҳои миёна, раисони ҷамоатҳо, мудиру муовинони раҳбарони мақомотҳои маҳаллӣ ва дигар мансабдорони сатҳи поён буда, барои таъйини ҷиян, духтар, писар, келин, ҳамсар, бародар, амак ва модари худ ба вазифа аз вазифа сабукдӯш шудаанд.
https://sputnik.tj/20210216/Habsi-kormand-Amonatbonk-tasarruf-pul-1032832603.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102280/69/1022806910_169:0:890:541_1920x0_80_0_0_556a22f0c77b5dd54b06ec5e2e1703b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, оҷонсии фасод, хешутаборӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, оҷонсии фасод, хешутаборӣ
Хешутаборбозҳо дар ним сол боз зиёд шуданд – шарҳи Агентии мубориза бо коррупсия
23:02 16.02.2021 (Навсозишуда: 19:18 28.04.2021) Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон соли гузашта 60 мавриди хешутаборбозӣ дар ниҳодҳои мухталифи кишварро ошкор кардааст
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Барот Расулӣ, сардори Раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентӣ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод гуфт, ҳарчанд қонунгузорӣ ба вазоҳат тақозо мекунад, ки аз бархӯрди манфиатҳо дар хизмати давлатӣ ҷилавгирӣ шавад, ин маворид тайи ним соли ахир афзойиш ёфтанд.
“Дар сархати 5 – уми моддаи 22 – и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” омадааст, ки шахс наметавонад ба мансабҳои давлатӣ ё мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда таъин ё интихоб шавад, агар ба мансабҳое, ки онро хешовандони ў ишғол кардаанд, бевосита дар итоат, таҳти назорат ё ҳисоботдиҳанда бошад, яъне хизмати якҷояи хешовандони наздик ба бархӯрди манофеъ оварда мерасонад”, - гуфт Барот Расулӣ.
Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари ин мавориди хешутаборбозӣ дар вазорати маориф ва илм ошкор шудаанд, ки 21 мавридро ташкил мекунад.
Дар пайи он ин маворид дар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ – 10, нақлиёт – 7, муассисаҳои зироаткорӣ – 7 ва сохторҳои дигар як ё ду ҳолат ошкор карда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, моҳи июли соли равон Агентӣ хабар дода буд, ки баландтарин мақоми дар пайи татбиқи ин модда аз вазифа озодшуда, Саодат Очилдиева, директори ширкати “Тоҷиктрансгаз” буд.
Ӯ ҷиянашро муҳосиби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷиктрансгаз” таъин карда буд.
Тибқи иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, аксари афроде, ки бо ин модда аз вазифаҳои худ маҳрум шудаанд, директорони мактабҳои миёна, раисони ҷамоатҳо, мудиру муовинони раҳбарони мақомотҳои маҳаллӣ ва дигар мансабдорони сатҳи поён буда, барои таъйини ҷиян, духтар, писар, келин, ҳамсар, бародар, амак ва модари худ ба вазифа аз вазифа сабукдӯш шудаанд.