Табарзода гуфт, имсол нархи об боло намеравад, ҳарчанд хароҷоти корхонаро намепӯшонад

© Sputnik / Sputnik / Амир ИсаевГлава ГУП "Жилищно-коммунальное хозяйство" Таджикистана Джамшед Табарзода
Глава ГУП Жилищно-коммунальное хозяйство Таджикистана Джамшед Табарзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.02.2021
Обуна шудан
Директори генералии КВД "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" Ҷамшед Табарзода мегӯяд, нархи об соли ҷорӣ дар кишвар боло нахоҳад рафт
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Номбурда зимни нишасти хабарии ниҳоди зертобеяш гуфт, дар баробари об ҳамзамон нархи партовкашонӣ низ боло нахоҳад рафт.
Водопроводный кран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.01.2021
Шаҳраки ташналаби ангиштканон дар Суғд бо об таъмин мешавад
Ӯ гуфт, ҳарчанд тарифҳо пастанд ва ҳатто хароҷоташонро ба пуррагӣ намепӯшонанд, тасмими боло бурдани нархҳоро дар соли 2021 надоранд.
Ёдовар мешавем, охирин маротиба арзиши хидматрасонии обрасонӣ дар кишвар соли 2018 афзоиш ёфта буд.
Дар Тоҷикистон системаи ҳисобкунии тарифҳо бо назардошти се категорияи истифодабарандагон: хонаводаҳо, ташкилотҳои буҷавӣ ва ташкилотҳои тиҷоратӣ сурат мегирад
Тибқи иттилои раҳбари Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" гуфт, тарифҳо барои ҳар як ноҳия ва шаҳр гуногун мебошанд.
Қаблан Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳалли назди президенти Тоҷикистон аз таъмини боз беш аз 201 ҳазор аҳолии кишвар бо оби ширин ё нӯшокӣ хабар дода буд.
Маълум шуд, Агентии беҳдошти замин аз "Барқи Тоҷик" чӣ қадар қарздор аст
Ба гуфти ӯ, ҳоло дар вилояти Суғд - 83, 6%, Хатлон - 64%, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 82,5%, шаҳри Душанбе - 98,8% ва шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 82% - и аҳолӣ дастрасӣ ба оби ширин пайдо кардаанд.
Бино ба ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 7 миллиону 191 ҳазору 595 нафар ё 81,4% - и аҳолии Тоҷикистон бо оби нӯшиданӣ таъмин шудаанд.
Ба гуфти Директори генералии КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, барои барқарорсозии пурраи инфрасохтори таъминоти оби нӯшокӣ дар тамоми Тоҷикистон, ба истиснои 12 шаҳру вилоят, ки дар баланси дигар корхонаҳоянд, аз рӯи ҳисобҳои мутахассисони хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Тоҷикистон, беш аз 1 миллиарду 600 миллион доллар пул ва тақрибан 10 сол лозим аст.
Лентаи хабарҳо
0