https://sputnik.tj/20210215/Kumita-din-mardum-hisob-1032828393.html
Кумитаи дин назари мардумро пурсиду на ҳамаашро ҳисоб кард: 92% розиянд
Кумитаи дин назари мардумро пурсиду на ҳамаашро ҳисоб кард: 92% розиянд
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дини Тоҷикистон дар пайи як назарсанҷии саросарӣ дар ҷумҳурӣ эълон кард, ки ҳудуди 92% - и пурсидашудагон аз Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим... 15.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-15T14:12+0500
2021-02-15T14:12+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
қонун
танзим
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/05/1032401379_0:0:1060:597_1920x0_80_0_0_367b9fd237d75f63a08a33eb6d35610e.jpg
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар ин назарсанҷӣ баробари муносибаташон ба қонун аз шаҳрвандон инчунин пешниҳодҳо барои беҳбудии татбиқи қонун пурсида шудааст. Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, кормандони Кумита ба шаҳру навоҳии кишвар сафар карда, аз 3 то 5 декабри соли гузашта 10 ҳазор нафарро мавриди пурсиш қарор додаанд.“Аммо ба хотири фурсати кам ва теъдоди зиёди пурсишномаҳо Кумита фақат 3 ҳазори онҳоро таҳлил кард, ки аз ин теъдод 1665 нафар (55%)-и мусоҳибон мардон ва 1335 нафар (45%) занон буданд. Аз рӯи синну сол пурсидашудагони аз 18 то 35 сола 1326 нафар ё 44% ва аз 35-сола боло 1674 нафар ё 56% - ро ташкил доданд”, - гуфт Афшини Муқим.Манбаъ афзуд, ки натиҷаи таҳқиқот нишон медиҳад, ки 91,9% (2757 нафар) қонунро ҷонибдорӣ карда, 3,4% (102 нафар) – и шаҳрвандон дастгирӣ нанамуданд. Боқимонда бетараф будаанд ё ҷавоб надодаанд.Афзоиши қонуншиканиҳои танзим дар даврони коронавирусБино ба ин назарсанҷӣ, аксари шаҳрвандон таъсири мусбати Қонуни танзим ба буҷаи хонаводаҳоро зикр намуда, 55,53% (1953 нафар) бар ин будаанд, ки Қонун ба сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбат доштааст.Ҳудуди 26,87% (945 нафар) гузинаи беҳтар гардидани имкони пасандозро интихоб намуда, 11,20% (394 нафар) ҳам бар ин будаанд, ки ин қонун барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон мусоидат кардааст.Аммо 4,04% (142 нафар) – и мусоҳибон тағйироти мусбат аз ин Қонунро ҳис накардаанд ва 2,36% (83 нафар)-и боқимонда фоида надиданду баръакс бадтар шудани вазъро зикр кардаанд.Дар ҳамин ҳол, аксари пурсидашудагон татбиқи Қонуни танзим дар амри ба низом даровардани маросим, аз ҷумла маросими азодории се, ҳафт, чил ва сол, мусбат арзёбӣ карда, 76% (2272 нафар) онро барои решакан кардани авомили номатлуб, назири таассуб, худнамоӣ ва хурофот муассир донистаанд.Аммо 15% (469 нафар) нақши онро манфӣ дониста, 9% (259 нафар) аз изҳори назар худдорӣ кардаанд.Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8 июни соли 2007 аз сӯи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, ҳадафаш коҳиш додани харҷи маъракаҳо, аз миёни бурдани хурофот ва афзоиши даромадҳои аҳолии кишвар мебошад.Тибқи иттилои Суди Олии Тоҷикистон, соли 2020 дар Тоҷикистон судҳои кишвар 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (86 ҳолат камтар аз соли 2019) – ро баррасӣ карда, аз ин теъдод 9 парванда қатъ шуда ва дар 600 ҳолат қарори дахлдор баровардаанд. Бино ба ин манбаъ, маблағи умумии ҷарима 2 миллиону 599 ҳазору 919 (соли 2019 - 3 миллиону 355 ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиону 630 ҳазору 324 сомонӣ рӯёнда шудааст.
https://sputnik.tj/20201012/Besh-az-20-azor-arimai-yak-mansabdori-ukumati-Sud-marakai-sandubaron-barpo-namudaast--1032071490.html
https://sputnik.tj/20200724/Jarimai-tuyho-dar-Sugd-tanzimro-rioya-nakardaand--1031632194.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/05/1032401379_94:0:942:636_1920x0_80_0_0_04a52ada840c79c2d045dc06047b20e4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, қонун, танзим, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, қонун, танзим, дар тоҷикистон
Кумитаи дин назари мардумро пурсиду на ҳамаашро ҳисоб кард: 92% розиянд
14:12 15.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Кумитаи дини Тоҷикистон дар пайи як назарсанҷии саросарӣ дар ҷумҳурӣ эълон кард, ки ҳудуди 92% - и пурсидашудагон аз Қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим пуштибонӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар ин назарсанҷӣ баробари муносибаташон ба қонун аз шаҳрвандон инчунин пешниҳодҳо барои беҳбудии татбиқи қонун пурсида шудааст.
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфт, кормандони Кумита ба шаҳру навоҳии кишвар сафар карда, аз 3 то 5 декабри соли гузашта 10 ҳазор нафарро мавриди пурсиш қарор додаанд.
“Аммо ба хотири фурсати кам ва теъдоди зиёди пурсишномаҳо Кумита фақат 3 ҳазори онҳоро таҳлил кард, ки аз ин теъдод 1665 нафар (55%)-и мусоҳибон мардон ва 1335 нафар (45%) занон буданд. Аз рӯи синну сол пурсидашудагони аз 18 то 35 сола 1326 нафар ё 44% ва аз 35-сола боло 1674 нафар ё 56% - ро ташкил доданд”, - гуфт Афшини Муқим.
Манбаъ афзуд, ки натиҷаи таҳқиқот нишон медиҳад, ки 91,9% (2757 нафар) қонунро ҷонибдорӣ карда, 3,4% (102 нафар) – и шаҳрвандон дастгирӣ нанамуданд. Боқимонда бетараф будаанд ё ҷавоб надодаанд.
Бино ба ин назарсанҷӣ, аксари шаҳрвандон таъсири мусбати Қонуни танзим ба буҷаи хонаводаҳоро зикр намуда, 55,53% (1953 нафар) бар ин будаанд, ки Қонун ба сатҳи зиндагии мардум таъсири мусбат доштааст.
Ҳудуди 26,87% (945 нафар) гузинаи беҳтар гардидани имкони пасандозро интихоб намуда, 11,20% (394 нафар) ҳам бар ин будаанд, ки ин қонун барои ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон мусоидат кардааст.
Аммо 4,04% (142 нафар) – и мусоҳибон тағйироти мусбат аз ин Қонунро ҳис накардаанд ва 2,36% (83 нафар)-и боқимонда фоида надиданду баръакс бадтар шудани вазъро зикр кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, аксари пурсидашудагон татбиқи Қонуни танзим дар амри ба низом даровардани маросим, аз ҷумла маросими азодории се, ҳафт, чил ва сол, мусбат арзёбӣ карда, 76% (2272 нафар) онро барои решакан кардани авомили номатлуб, назири таассуб, худнамоӣ ва хурофот муассир донистаанд.
Аммо 15% (469 нафар) нақши онро манфӣ дониста, 9% (259 нафар) аз изҳори назар худдорӣ кардаанд.
Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 8 июни соли 2007 аз сӯи президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, ҳадафаш коҳиш додани харҷи маъракаҳо, аз миёни бурдани хурофот ва афзоиши даромадҳои аҳолии кишвар мебошад.
Тибқи иттилои Суди Олии Тоҷикистон, соли 2020 дар Тоҷикистон судҳои кишвар 609 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (86 ҳолат камтар аз соли 2019) – ро баррасӣ карда, аз ин теъдод 9 парванда қатъ шуда ва дар 600 ҳолат қарори дахлдор баровардаанд. Бино ба ин манбаъ, маблағи умумии ҷарима 2 миллиону 599 ҳазору 919 (соли 2019 - 3 миллиону 355 ҳазор) сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 1 миллиону 630 ҳазору 324 сомонӣ рӯёнда шудааст.