Ӯзбекистон то соли 2023 комилан аз хати сирилик даст мекашад

CC0 / Pexels / Кубики с латинскими буквами
Кубики с латинскими буквами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2021
Обуна шудан
Ӯзбекистон тасмим дорад то оғози соли 2023 пурра аз алифбои сирилик даст кашад ва аз алифбои лотинӣ истифода кунад
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik.  Вазорати додгустарии Ӯзбекистон ахиран дар баёнияе эълом кард, ки давлати ин кишвар торихи мушаххасшуда ва нақшаи роҳи ин тарҳро таъйид кардааст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Министр образования и науки РТ Нуриддин Саид - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2019
Нуриддин Саид: мо зарурат ба хатти форсӣ гузаштанро надорем
Ин тасмими давлати Ӯзбекистон камтар аз чаҳор моҳ пас аз он эълом шуда, ки Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар  дар фармоне хостори суръати бештар дар гузари комил ба алифбои лотинӣ шуда буд.
Забони ӯзбекӣ ва дигар забонҳои Осиёи марказӣ то авохири даҳаи 1920 бо хати форсӣ-арабӣ навишта мешуд ва сипас алифбо ба лотинӣ тағйир ёфт то он ки Шуравӣ дар соли 1940 алифбои русиро ворид кард. 
Дар соли 1993 камтар аз ду соли пас аз фурӯпошии Шуравӣ, Ӯзбекистон гузар ба алифбоии лотӣнро оғоз кард, аммо алифбоии русӣ ҳамчунон ба таври густардае мавриди истифода аст. 
Дар кишвари Қазоқистон ҳам қарор аст раванди гузар ба алифбоии лотинӣ то соли 2025 комил шавад. 
Туркманистон дар соли 1993 ва Озарбойҷон ҳам дар 25 декабри 1991 алифбои русиро бо алифбоии лотинӣ ҷойгузин карданд.
Лентаи хабарҳо
0