https://sputnik.tj/20210214/jalas-davlatali-said-sarmoya-amrico-1032825325.html
Ҷаласаи Давлаталӣ Саид бо сармоягузорони амрикоӣ
Ҷаласаи Давлаталӣ Саид бо сармоягузорони амрикоӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст баҳри ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ тадбирҳои таъхирнопазир... 14.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-14T21:18+0500
2021-02-14T21:18+0500
2021-04-19T16:54+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
амрико
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102215/55/1022155582_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_db86ea849a1e100b3a2cc5e3f67bd84c.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Имконоти сармоягузории Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ муаррифӣ гардид, гузориш додааст "Ховар".Бино бар иттилои манбаъ, бо пешниҳодҳои ширкатҳои амрикоӣ таҳти роҳбарии муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико ҷаласаи кории маҷозӣ доир намуд.Дар ҷаласа роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико Фаррух Ҳамрализода, Президенти Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико Филлип де Леон иштирок доштанд.Ҳамчунин доираҳои бонуфузи бахши хусусии Тоҷикистон ва Амрико, аз қабили "American Councils for International Education", "Boeing, General Electric", "Caterpillar", "Coca-Cola", "Comsup", "John Deer", "Medtronic", "Silverleafe", "Valmont", "VISA", "Zeppelin", "Xenophon Strategies", "Somon Air", "Tojik Air" сухан гуфтанд.Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст баҳри ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.Харҷи наздик ба 1 миллион доллари Амрико барои азнавсозии посгоҳи сарҳадӣ дар ТоҷикистонҲамзамон аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ рӯнамо оид ба имконияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.Аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон-об, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имконияти бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пахта муаррифӣ гардид.Директори иҷроияи Шӯрои мазкур Елена Сон иброз намуд, ки дар шароити кунунӣ баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим буда, дар назар аст, ки ояндаи наздик силсилавохӯриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ҳарду кишвар ташкил гарданд.
https://sputnik.tj/20201219/Muriddin-bo-safiri-Amriko-dar-Toikiston-muloot-kard-1032484745.html
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102215/55/1022155582_36:0:1000:723_1920x0_80_0_0_6660dcf2353d3a5dec02477864db72b5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, амрико, тиҷорат
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, амрико, тиҷорат
Ҷаласаи Давлаталӣ Саид бо сармоягузорони амрикоӣ
21:18 14.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст баҳри ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад
ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Имконоти сармоягузории Тоҷикистон ба соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ муаррифӣ гардид, гузориш додааст "Ховар".
Бино бар иттилои манбаъ, бо пешниҳодҳои ширкатҳои амрикоӣ таҳти роҳбарии муовини якуми сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико ҷаласаи кории маҷозӣ доир намуд.
Дар ҷаласа роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амрико Фаррух Ҳамрализода, Президенти Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амрико Филлип де Леон иштирок доштанд.
Ҳамчунин доираҳои бонуфузи бахши хусусии Тоҷикистон ва Амрико, аз қабили "American Councils for International Education", "Boeing, General Electric", "Caterpillar", "Coca-Cola", "Comsup", "John Deer", "Medtronic", "Silverleafe", "Valmont", "VISA", "Zeppelin", "Xenophon Strategies", "Somon Air", "Tojik Air" сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст баҳри ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешад.
Ҳамзамон аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ рӯнамо оид ба имконияти сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.
Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Амрико ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон-об, сангҳои қиматбаҳо, металлҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имконияти бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пахта муаррифӣ гардид.
Директори иҷроияи Шӯрои мазкур Елена Сон иброз намуд, ки дар шароити кунунӣ баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим буда, дар назар аст, ки ояндаи наздик силсилавохӯриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ҳарду кишвар ташкил гарданд.