https://sputnik.tj/20210214/Makomoti-Norak-javonon-zirak-domi-gurhhoi-ifroti--1032823662.html
Мақомоти Норак аз ҷавонон хост зирак бошан ва ба доми гурӯҳҳои ифротӣ науфтанд
Мақомоти Норак аз ҷавонон хост зирак бошан ва ба доми гурӯҳҳои ифротӣ науфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Норак ба гурӯҳи ҷавонони фаъоли “Авангард” дидор кард ва аз онҳо хоҳиш кард ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода то ба доми гурӯҳҳои ифротӣ... 14.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-14T16:38+0500
2021-02-14T16:38+0500
2021-04-19T16:54+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
норак
гурӯҳи "авангард"
ҳушёрӣ
зиракӣ
ифротӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0e/1032823628_23:-1:1155:640_1920x0_80_0_0_769afe21515e1091860acb2c225f4e01.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак ахиран дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯри Сардори ШВКД-и шаҳри Норак Мирзоев Саидаҳрор ва муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан бо гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и шаҳр баргузор шуд.Бино бар иттилои манбаъ, зимни вохӯри зикр карда шуд, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз ҳар роҳу усул истифода мебаранд.Ёдрас мешавем, ки ахиран Вазорати адлияи Тоҷикистон эълон кард, ки фаъолияти гуруҳи “Авангард” таҳти омӯзиши ин ниҳод қарор гирифтааст.Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст.Вай афзуд, ки ҳаракати ҷамъиятии мазкур расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки Вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст.“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”, - гуфт муовини вазир.Бояд гуфт, ки бино бар иттилои масъулон, ин гурӯҳ онҳо дар саросари кишвар беш аз 22 ҳазор узв дорад.“Авангард”, ба навиштаи сомонаи гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.Маводе, ки ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд бештар сиёсӣ ҳастанд. Тарафдорони ин гӯруҳ бештар ба “маҳкум кардани ҲНИТ”, ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон” машғуланд. Онҳо ин рафтори худро ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20210203/Faoliyati-Avangard-omzish-qaror-1032751118.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0e/1032823628_80:-1:1098:640_1920x0_80_0_0_89bc1ba5cd41060a7a543d349d4ed19b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, норак, гурӯҳи "авангард", ҳушёрӣ, зиракӣ, ифротӣ
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, норак, гурӯҳи "авангард", ҳушёрӣ, зиракӣ, ифротӣ
Мақомоти Норак аз ҷавонон хост зирак бошан ва ба доми гурӯҳҳои ифротӣ науфтанд
16:38 14.02.2021 (Навсозишуда: 16:54 19.04.2021) Мақомоти Норак ба гурӯҳи ҷавонони фаъоли “Авангард” дидор кард ва аз онҳо хоҳиш кард ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода то ба доми гурӯҳҳои ифротӣ науфтанд
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Норак ахиран дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак вохӯри Сардори ШВКД-и шаҳри Норак Мирзоев Саидаҳрор ва муовини раиси шаҳр Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан бо гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и шаҳр баргузор шуд.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни вохӯри зикр карда шуд, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз ҳар роҳу усул истифода мебаранд.
“Аз ин рӯ бояд ҷавонон ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, хизмат ба Ватанро вазифаи аввалиндараҷаи хеш шуморанд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ёдрас мешавем, ки ахиран Вазорати адлияи Тоҷикистон эълон кард, ки фаъолияти гуруҳи “Авангард” таҳти омӯзиши ин ниҳод қарор гирифтааст.
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст.
Вай афзуд, ки ҳаракати ҷамъиятии мазкур расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол, таъкид шуд, ки Вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро таҳти таҳлил қарор додааст.
“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки мо доимамалкунанда нестем. Дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳеч гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд”, - гуфт муовини вазир.
Бояд гуфт, ки бино бар иттилои масъулон, ин гурӯҳ онҳо дар саросари кишвар беш аз 22 ҳазор узв дорад.
“Авангард”, ба навиштаи сомонаи гуруҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.
Маводе, ки ин гуруҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунанд бештар сиёсӣ ҳастанд. Тарафдорони ин гӯруҳ бештар ба “маҳкум кардани ҲНИТ”, ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон” машғуланд. Онҳо ин рафтори худро ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.