https://sputnik.tj/20210214/Amonatbonk-shikoyat-Markazi-tamos-zang-zaned-1032824075.html
"Амонатбонк": шикоят дошта бошед ба Маркази тамос занг занед
"Амонатбонк": шикоят дошта бошед ба Маркази тамос занг занед
Sputnik Тоҷикистон
БДА "Амонатбонк" эълон доштааст, ки бо мақсади тавсеаи равобити бо мизоҷон дар ин бонк Маркази тамос таъсис ёфтаааст 14.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-14T17:35+0500
2021-02-14T17:35+0500
2021-07-21T18:55+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
тавсеа
равобит
марказ
тамос
амонатбонк
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103032/41/1030324174_0:0:1560:878_1920x0_80_0_0_6f2d7b4feaef21856035a4a154c81996.jpg
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тибқи иттилои “Амонатбонк” Маркази тамос алакай фаъолият дорад ва се корманди он шабонарӯзӣ ба дархосту саволҳои шаҳрвандон посух медиҳанд.“Дар оянда тасмим дорем, ки теъдоди кормандони марказро ба 10 нафар расонем”, — иттилоъ додааст “Амонатбонк”.Бояд гуфт, ки “Амонатбонк” яке аз бонкҳои низомсози кишвар ба ҳисоб рафта, ба 22 ҳазор корхонаю ташкилот, 750 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва беш аз 1,7 миллион пасандозгузор аз тариқи 75 филиал ва 546 марказ дар сатҳи хубу сифати баланд хизмат мерасонад.Дороии “Амонатбонк” дар авохири соли гузашта, 4,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2019 19,4 фоиз беш аст.Илова бар ин, соли гузашта сармояи “Амонатбонк” 6,8 фоиз афзоиш ёфта, ба 458 миллион сомонӣ баробар шуд. Даромади софи бонк 51,3 миллион сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли 2019-ум 22 фоиз зиёд гардид.Раиси «Амонатбонк» гуфт, ки бонк соли 2020 ба буҷети давлатӣ 96,3 миллион сомонӣ андоз пардохт намуд. Ин нишондиҳанда низ дар қиёс ба соли 2019-ум 15,7 миллион сомонӣ (19,5 фоиз) зиёд аст.
https://sputnik.tj/20210210/Amonatbonk-kor-zanon-afzaliyat-medihem-1032791803.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103032/41/1030324174_0:0:1560:1170_1920x0_80_0_0_cac0592974af4b7dcf5ac84d0c0f3d2b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тавсеа, равобит, марказ, тамос, амонатбонк
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, тавсеа, равобит, марказ, тамос, амонатбонк
"Амонатбонк": шикоят дошта бошед ба Маркази тамос занг занед
17:35 14.02.2021 (Навсозишуда: 18:55 21.07.2021) БДА "Амонатбонк" эълон доштааст, ки бо мақсади тавсеаи равобити бо мизоҷон дар ин бонк Маркази тамос таъсис ёфтаааст
ДУШАНБЕ, 14 фев – Sputnik. Тибқи иттилои “Амонатбонк” Маркази тамос алакай фаъолият дорад ва се корманди он шабонарӯзӣ ба дархосту саволҳои шаҳрвандон посух медиҳанд.
“Дар оянда тасмим дорем, ки теъдоди кормандони марказро ба 10 нафар расонем”, — иттилоъ додааст “Амонатбонк”.
Бояд гуфт, ки “Амонатбонк” яке аз бонкҳои низомсози кишвар ба ҳисоб рафта, ба 22 ҳазор корхонаю ташкилот, 750 ҳазор нафақагири мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва беш аз 1,7 миллион пасандозгузор аз тариқи 75 филиал ва 546 марказ дар сатҳи хубу сифати баланд хизмат мерасонад.
Дороии “Амонатбонк” дар авохири соли гузашта, 4,9 миллиард сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2019 19,4 фоиз беш аст.
Илова бар ин, соли гузашта сармояи “Амонатбонк” 6,8 фоиз афзоиш ёфта, ба 458 миллион сомонӣ баробар шуд. Даромади софи бонк 51,3 миллион сомониро ташкил дода, дар муқоиса ба соли 2019-ум 22 фоиз зиёд гардид.
Раиси «Амонатбонк» гуфт, ки бонк соли 2020 ба буҷети давлатӣ 96,3 миллион сомонӣ андоз пардохт намуд. Ин нишондиҳанда низ дар қиёс ба соли 2019-ум 15,7 миллион сомонӣ (19,5 фоиз) зиёд аст.