https://sputnik.tj/20210213/qaror-Rustami-Emomal-ozmun-dastarkhonoroi-1032819702.html
Қарори Рустами Эмомалӣ барои ташкили озмуни дастархонороӣ бо 13 ҳазор сомонӣ
Қарори Рустами Эмомалӣ барои ташкили озмуни дастархонороӣ бо 13 ҳазор сомонӣ
Sputnik Тоҷикистон
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор кардааст, ки дар пойтахт озмуни дастархонороӣ баргузор карда шавад 13.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-13T15:41+0500
2021-02-13T15:41+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
фарҳанг
дастархони идона
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031983181_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_331c48ee22b0ad5139e6c6e2d652e3af.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Бо қарори раиси Душанбе ҳайати Комиссияи шаҳрии “Озмуни дастархонороӣ” тасдиқ шуд. Шаҳрдор Сарраёсати молияи Душанберо муваззаф кардааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси пойтахт 13 ҳазору 290 сомониро барои озмун ҷудо кунад.Таъкид шудааст, ки озмуни мазкур дар доираи Низомномаи тасдиқкардаи кумитаи дини Тоҷикистон баргузор мегардад.Озмуни дастархоноро тайи солҳои охир бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар гузаронда мешавад. Ҳадафи озмун бо истифодаи сарфакории моҳиронаву ҳунармандона беҳтар намудани сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо арзёбӣ мешавад.Ба иттилои масъулин ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи тарзи истифодаи сарфакории моҳирона, зебо, хушоянд ва дилписанд оростани дастархон, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда баҳогузорӣ мегардад.Соли гузашта дар озмуни мазкур ардид.дастархони оростаи сокинони ноҳияи Сино ҷои якум гирифта бо маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуд. Ҷойи дуюм ба ноҳияи Фирдавсӣ бо 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм ба ноҳияи Шоҳмансур бо 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сазовор дониста шуд.
https://sputnik.tj/20210126/rahmon-ilm-ozmun-tojikiston-1032692865.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031983181_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_92569f00a378a5bfa66325bbf3fb28eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, дастархони идона, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, фарҳанг, дастархони идона, дар тоҷикистон
Қарори Рустами Эмомалӣ барои ташкили озмуни дастархонороӣ бо 13 ҳазор сомонӣ
15:41 13.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, қарор кардааст, ки дар пойтахт озмуни дастархонороӣ баргузор карда шавад
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Бо қарори раиси Душанбе ҳайати Комиссияи шаҳрии “Озмуни дастархонороӣ” тасдиқ шуд.
Шаҳрдор Сарраёсати молияи Душанберо муваззаф кардааст, ки аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси пойтахт 13 ҳазору 290 сомониро барои озмун ҷудо кунад.
Таъкид шудааст, ки озмуни мазкур дар доираи Низомномаи тасдиқкардаи кумитаи дини Тоҷикистон баргузор мегардад.
Озмуни дастархоноро тайи солҳои охир бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии кишвар гузаронда мешавад. Ҳадафи озмун бо истифодаи сарфакории моҳиронаву ҳунармандона беҳтар намудани сифати оростани дастархон дар тӯю маъракаҳо арзёбӣ мешавад.
Ба иттилои масъулин ҳунари иштирокчиёни озмун аз рӯи тарзи истифодаи сарфакории моҳирона, зебо, хушоянд ва дилписанд оростани дастархон, риояи анъанаҳои миллӣ ва ба замона мутобиқат кардани дастархони оросташуда баҳогузорӣ мегардад.
Соли гузашта дар озмуни мазкур ардид.дастархони оростаи сокинони ноҳияи Сино ҷои якум гирифта бо маблағи 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуд. Ҷойи дуюм ба ноҳияи Фирдавсӣ бо 3000 сомонӣ ва ҷойи сеюм ба ноҳияи Шоҳмансур бо 1000 сомонӣ мукофотпулӣ сазовор дониста шуд.