Пулис ҷинояти 26 сол қабл рухдодаро ошкор кард: боздоштшуда аз гурӯҳи Эшони Нозим аст

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкАвтомат Калашникова, архивное фото
Автомат Калашникова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Обуна шудан
Нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ошкор шудани ҷинояте хабар медиҳад, ки расо 26 сол қабл сурат гирифта буд.
Здание МВД Республики Таджикистан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.08.2020
ВКД ҷинояти мудҳиши соли 1993 дар Хуросонро ошкор кард: дар соҳили дарё парронданд
Ба иттилои манбаъ, ҷинояти мудҳишро яке аз аъзоёни гурӯҳи силобадастони Юнусов Нозим маъруф ба номи Эшони Нозим дар соли 1995 содир кардааст.
ВУД аз боздошти се "рекет" - ҳаммаслакони Алии Бедакӣ ва муллои “занакбоз” хабар дод (НАВОР)
Гуфта мешавад, марди 56-сола, сокини ҷамоати деҳоти Абдулвосиеви шаҳри Ваҳдат, ки он замон 30 сол дошт, ва шомили гурӯҳи силоҳбадастони Эшони Нозим буд, рӯзи 12 октябри соли 1995, тахминан соати 19:30 дақиқа зани 59 соларо аз ҳаёт маҳрум намудааст.
Манбаъ меафзояд, номбурда ба хонаи ин зан, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Ромити  даромада, аз силоҳи оташфишони тамғаи автомати Калашников ба қатл расондааст.
Вуд Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0