Пизишки эронӣ аз бохти Амрико ва бурди Тоҷикистон дар мубориза алайҳи коронавирус гуфт

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевПрохожие на проспекте Рудаки в Душанбе
Прохожие на проспекте Рудаки в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2021
Обуна шудан
Вирусологи машҳури эронии муқими Амрико шарҳ дод, ки чаро Тоҷикистон тавонист бар маризии коронаиврус пирӯз ояду Амрико аз ӯҳдаи ин кор намебарояд
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Ораш Олоӣ вирусологи маъруфи эронии муқими Амрико мегӯяд, алайҳи маризии короновирус бо техника мубориза бурда намешавад. Ӯ усули интихобнамудаи Тоҷикистонро дар мубориза алайҳи ин вирус бисёр олиҷаноб арзёбӣ кард.
Олоӣ мегуяд, Тоҷикистон тавонист бо се омил алайҳи коронаиврус пирӯз шавад. Ин пизишк, ки дар замони авҷи маризии коронавирус дар Тоҷикистон маҳбубият ба даст овард, мегӯяд сиёсате, ки ҳукумати кишвар дар мубориза алайҳи вабои мазкур пеш гирифт, омили калидии пирӯзи бар вирус буд.
Коронавирус дар манотиқи Тоҷикистон - омори нав
Илова бар ин, ба гуфтаи Олоӣ фарҳанги муносибати мардум бо беморӣ буд, ки ҳамагон онро ҷиддӣ қабул карданд ва худ барои рафъи он кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд.
Номбурда саҳми расонаҳоро низ аз омили охирини пирӯзӣ бар коронавирус шуморида, қайд кард, ки расонаҳо бидуни пардапӯшӣ ҷиддияти вирусро ба мардум расонданд ва онҳоро аз чӣ гуна сурат гирифтани вазъият пайваста бохабар намуданд.
Вирусологи эронӣ, ки муқими Амрико аст, бохти ин кишварро дар фарҳанги нодурусти мардум алайҳи маризӣ арзёбӣ кард. Ӯ мегӯяд, муносибати амрикоиҳо нисбати коронавирус то ҳол танзим нашудааст ва аз ин рӯ, вируси мазкур кишварро тарк намекунад.
Бовар накунанд омада бинанд: Абдуллозода гуфт, Тоҷикистон аз коронавирус орӣ аст
Зимнан, Ораш Олоӣ ба мардуми Тоҷикистон ҳушдор дод, ки набояд фориғбол шаванд ва то замони пурра  нест нашудани пандемия, ҳатман чораҳои пешгирикунандаро риоя намоянд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи гузашта вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар нишасти матбуотии ниҳодаш изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон ягон маризи коронавирус боқӣ намондааст.
Қаблан кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёми солонаи худ аз пирӯз шудани Тоҷикистон бар вирус хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0