https://sputnik.tj/20210213/Tedodi-nafaqagiron-Tojikiston-1032821616.html
Теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дилмурод Давлатзода, мудири Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, теъдоди нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли равон 729... 13.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-13T17:29+0500
2021-02-13T17:29+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
болоравии маош
нафақа
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101623/41/1016234131_0:85:1600:985_1920x0_80_0_0_a6d1afe660f13e802d15962155280aa5.jpg
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Давлатзода мегӯяд, теъдоди нафақагирон дар ҷумҳурӣ нисбати оғози соли 2020-ум 2,6 фоиз зиёд шуда, талабот барои маблағгузории нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ 2,09 фоиз афзуд.Ба иттилои Давлатзода, дар соли 2020 воридоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба соли 2019 -ум 71,2 миллион сомонӣ кам гардида, 2891 миллион сомониро ташкил дод.Нашрияи “Садои мардум” хабар додааст, ки андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо тағйир ёфта, меъёри истифодаи маблағ ба 1,5 фоиз расонида шуд.Инчунин Давлатзода иттилоъ дод, ки дар асоси паёми раисиҷумҳур, нафақаи маъюбони аз синни кӯдакӣ, маъюбони то 18-сола ва маъюбони гурӯҳи 1-ум, ки ба онҳо дар асоси қонун дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ нафақа муқаррар гардидааст, аз 1 сентябри соли 2021 зиёд мегардад.Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси қонун "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Нафақаи маъюбон, ки аз синни кӯдакӣ, таъйин шудааст ва нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола ба андозаи 20 фоиз, зиёд карда шавад.
https://sputnik.tj/20210126/nafaqa-tojikiston-payom-boloravi-1032693410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101623/41/1016234131_88:0:1512:1068_1920x0_80_0_0_1e5a1eb40888b53bd74ba0f13a70fd52.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, болоравии маош, нафақа, дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ, болоравии маош, нафақа, дар тоҷикистон
Теъдоди нафақагирон дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
17:29 13.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Дилмурод Давлатзода, мудири Ожонси суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, теъдоди нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 январи соли равон 729 ҳазору 385 нафарро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Давлатзода мегӯяд, теъдоди нафақагирон дар ҷумҳурӣ нисбати оғози соли 2020-ум 2,6 фоиз зиёд шуда, талабот барои маблағгузории нафақа ва кумакпулиҳои иҷтимоӣ 2,09 фоиз афзуд.
Ба иттилои Давлатзода, дар соли 2020 воридоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба соли 2019 -ум 71,2 миллион сомонӣ кам гардида, 2891 миллион сомониро ташкил дод.
Нашрияи “Садои мардум” хабар додааст, ки андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо тағйир ёфта, меъёри истифодаи маблағ ба 1,5 фоиз расонида шуд.
Инчунин Давлатзода иттилоъ дод, ки дар асоси паёми раисиҷумҳур, нафақаи маъюбони аз синни кӯдакӣ, маъюбони то 18-сола ва маъюбони гурӯҳи 1-ум, ки ба онҳо дар асоси қонун дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ нафақа муқаррар гардидааст, аз 1 сентябри соли 2021 зиёд мегардад.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси қонун "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таъйин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шавад. Нафақаи маъюбон, ки аз синни кӯдакӣ, таъйин шудааст ва нафақаи кӯдакони маъюби то 18 – сола ба андозаи 20 фоиз, зиёд карда шавад.