Шоирон дар Тоҷикистон гонорар мегиранд?

© SputnikЗулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон
Зулфия Давлатзода вазири фарҳанги Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.02.2021
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон барои пардохти гонорар ва ё ҳаққи қалами шоирон, оҳангсозон, драманависон дар як сол 70 ҳазор сомонӣ ҷудо мекардааст
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода тавзеҳ дод, ки оё ниҳоди марбутааш ба эҷодкорони кишвар ҳаққи қалам пешниҳод мекунад ё не.
Рӯзноманигорон дар рафти нишасти матбуотӣ ба хонум Давлатзода гуфтанд, ки соли гузашта муассисаҳои тобеи вазорат 35 таронаи тоза пешниҳод карданд. 
Умумигӯиву забонзада: интиқоди Низом Қосим аз шеърҳо дар васфи Раҳмон, ваҳдат ва истиқлол
Оё нависандагони оҳангу шеъри таронаҳо ва пешниҳодкунандагони рақс гонорар мегиранд, пурсиданд онҳо.
Вазир дар посух ба суоли мазкур ҷавоби мусбӣ дод ва афзуд, ки ниҳодаш ҳамасола барои пардохти ҳаққи қалами эҷодкорон бештар аз 70 ҳазор сомонӣ ҷудо мекунад.
"Гонорар, албатта ҳаст. Оғоз аз драммановисон то шоирону оҳангнависон пардохт карда мешавад. Дар маҷмӯъ, дар як сол зиёда аз 70 ҳазор барои ҳаққи қалами ҳайати эҷодӣ ҷудо карда мешавад", - таъкид кард Давлатзода.
Ба қавли ӯ ҳаҷми гонорар ба эҷодкорон гуногун аст: вобаста ба мазмуни шеъру драмма ва талаботи низомномаи вазорат пардохт мешавад.
"Барои шахсоне, ки шеър, оҳанг ва драма навиштанд, аз 2,5 ҳазор сомонӣ ҳаққи қалам пешбинӣ мешавад", - афзуд ӯ.
Ҳамин тавр, дар соли 2020 вазорат ба 21 шоиру бастакор ҳаққи қалам додааст.
Лентаи хабарҳо
0