https://sputnik.tj/20210212/sughd-paigard-sarrof-muhojir-pul-1032817258.html
Суҳроби “валютчик” куҷост? пайгарди нафаре, ки миллионҳо пули муҳоҷиронро гирифту ғайб зад
Суҳроби “валютчик” куҷост? пайгарди нафаре, ки миллионҳо пули муҳоҷиронро гирифту ғайб зад
Sputnik Тоҷикистон
Суҳроби сарроф дар Суғд сар аз соли 2020 якбора фаъолияташро қатъ карда, ғайб задааст. Муҳоҷирони зиёде ба ӯ бовар карда, амонаташонро дода буданд 12.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-12T19:31+0500
2021-02-12T19:31+0500
2021-08-10T14:39+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
сарроф
кофтукоб
пул
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
муҳоҷират
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102978/74/1029787410_1:0:3000:1687_1920x0_80_0_0_8b8e39a5ef333ea96f7a45cbe7fa9dd0.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Прокуратураи вилояти Суғд, дар шарҳи парванда алайҳи Суҳроб Абдуҳамидови “валютчик” иттилоъ дод, ки бо сабаби ҳозир нашудан ба тафтишот, нисбати ин сокини шаҳри Истаравшан кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст.Сафар Давлат Давронзод, сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим дар прокуратураи вилояти Суғд, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Абдуҳамидов бо ҷурми қаллобӣ бо моддаи қонун ҷавобгар дониста мешавад.Суҳроб Абдуҳамидов сокини 45-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан гуфта мешавад, ки аз соли 2015 ба ивази ғайриқонунии асъор машғул буда бо ин роҳ ба боварии чандин нафар даромада, маблағи бузурги амонатии онҳоро аз худ кардааст.Ӯ фаъолияти бонкиро бидуни ба қайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ машғул гардидааст. Номбурда аз охирҳои соли гузашта ба ин тараф бедарак аст дар ҳоле, ки бархе аз сокинон ба фаъолияти саррофии ӯ бовар карда амонат додаанд.Мардум ба фаъолияти ӯ бовар карда пулашонро иваз мекарданд. Шуморе аз онҳое, ки фарзандонашону пайвандонашон аз муҳоҷират рубли русӣ мефиристоданд, барои бо курси нисбатан баландтар иваз намудани пулашон ба наздаш мерафтанд.Баъзеҳо ба фаъолияти саррофии ӯ бовар карда, ба ҷуз иваз намудан, ҳатто маблағашонро барои гардиш додан ба ӯ месупориданд.Боздошти Охунҷони "валтютчик": "медонистам ин кор ғайриқонунӣ аст, пинҳонӣ мекардам"-видеоБа ҳисоби соҳибкорон, даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон аз Истаравшан ва деҳоти ноҳияи Деваштич дар ин миён будаанд, ки миллионҳо рубли худро ба ӯ бовар кардаанд.Оғози моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дода буданд, ки ин Абдуҳамидов бо ваъдаи интиқол додани 80 ҳазор доллари амрикоӣ ба кишвари Чин аз як сокини 34-солаи ҷамоати Савристони Истаравшан 920 ҳазор сомонӣ гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.
https://sputnik.tj/20210106/Suhrob-Abduhamidovi-valyutchik-millionho-rubli-muhoironro-girifta-kuo-gayb-zad-1032581542.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102978/74/1029787410_376:0:2625:1687_1920x0_80_0_0_fa0f3a77d7527f2e2a2b312730e8817e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, сарроф, кофтукоб, пул, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, муҳоҷират
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, сарроф, кофтукоб, пул, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, муҳоҷират
Суҳроби “валютчик” куҷост? пайгарди нафаре, ки миллионҳо пули муҳоҷиронро гирифту ғайб зад
19:31 12.02.2021 (Навсозишуда: 14:39 10.08.2021) Суҳроби сарроф дар Суғд сар аз соли 2020 якбора фаъолияташро қатъ карда, ғайб задааст. Муҳоҷирони зиёде ба ӯ бовар карда, амонаташонро дода буданд
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Прокуратураи вилояти Суғд, дар шарҳи парванда алайҳи Суҳроб Абдуҳамидови “валютчик” иттилоъ дод, ки бо сабаби ҳозир нашудан ба тафтишот, нисбати ин сокини шаҳри Истаравшан кофтукови ҷиноӣ эълон шудааст.
Сафар Давлат Давронзод, сардори шуъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳим дар прокуратураи вилояти Суғд, имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Абдуҳамидов бо ҷурми қаллобӣ бо моддаи қонун ҷавобгар дониста мешавад.
“Нисбати Суҳроб Абдуҳамидов бо моддаи 247 парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, айни замон тафтишоти пешкаӣ нисбати ӯ идома дорад. Азбаски номбурда аз тафтишот пинҳон шудааст, ҳоло нисбати ӯ кофтуков эълон шудааст”,- тавзеҳ дод Сафаров.
Суҳроб Абдуҳамидов сокини 45-сола, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан гуфта мешавад, ки аз соли 2015 ба ивази ғайриқонунии асъор машғул буда бо ин роҳ ба боварии чандин нафар даромада, маблағи бузурги амонатии онҳоро аз худ кардааст.
Ӯ фаъолияти бонкиро бидуни ба қайдгирӣ ё иҷозатномаи махсус дар ҳолатҳое, ки чунин иҷозатнома ҳатмӣ мебошад, бо вайрон кардани шартҳои литсензиякунонӣ машғул гардидааст. Номбурда аз охирҳои соли гузашта ба ин тараф бедарак аст дар ҳоле, ки бархе аз сокинон ба фаъолияти саррофии ӯ бовар карда амонат додаанд.
Мардум ба фаъолияти ӯ бовар карда пулашонро иваз мекарданд. Шуморе аз онҳое, ки фарзандонашону пайвандонашон аз муҳоҷират рубли русӣ мефиристоданд, барои бо курси нисбатан баландтар иваз намудани пулашон ба наздаш мерафтанд.
Баъзеҳо ба фаъолияти саррофии ӯ бовар карда, ба ҷуз иваз намудан, ҳатто маблағашонро барои гардиш додан ба ӯ месупориданд.
Ба ҳисоби соҳибкорон, даҳҳо хонаводаи муҳоҷирон аз Истаравшан ва деҳоти ноҳияи Деваштич дар ин миён будаанд, ки миллионҳо рубли худро ба ӯ бовар кардаанд.
Оғози моҳи январи соли ҷорӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ дода буданд, ки ин Абдуҳамидов бо ваъдаи интиқол додани 80 ҳазор доллари амрикоӣ ба кишвари Чин аз як сокини 34-солаи ҷамоати Савристони Истаравшан 920 ҳазор сомонӣ гирифта ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.