https://sputnik.tj/20210212/ruz-oshikon-tojikiston-1032813044.html
Кӣ зид ва кӣ ҷонибдор: Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мешавад
Кӣ зид ва кӣ ҷонибдор: Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ду рӯз пас Рӯзи Валентин ва ё Рӯзи ошиқон фаро мерасад. Дар Тоҷикистон агар як қисмат ҷонибдори ҷашн гирифтани ин сана бошанд, гурӯҳи дигар онро ҷашни бегона... 12.02.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-02-12T17:30+0500
2021-02-12T17:30+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
рӯзи ошиқон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102827/67/1028276784_0:188:1920:1274_1920x0_80_0_0_8f3997f423dab612c8a449de9b7a9fc4.jpg
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Дар робита ба ин ид, назари се тоҷикистониро ин ҷо овардем, ки диду фаҳмиши онҳо нисбати Рӯзи Валентин ё Рӯзи ошиқон яксон нест.Ид бегона аст, аммо ...Эҳсон ном корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, азбаски таърихи ин ид бештар ба дину миллати дигар марбут аст, аз ин рӯ барояш таҷлил кардани он чандон ҷолиб нест.Аммо ӯ иқрор шуд, ки дар даври донишҷӯӣ ва мактабхонӣ, аҳён- аҳён аз Рӯзи ошиқон таҷлил мекард, вале баъдан барояш ин сана тамоман камтаваҷҷӯҳ шуд.Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, зиндагиро маҳз ишқу муҳаббат ва садоқату меҳрубонӣ рангин мекунад. Аз ин рӯ, ӯ гуфт, "ҳамсафари зиндагиро натанҳо рӯзи ошиқон бояд хурсанд кард, балки ҳар рӯзашро бояд ба ид табдил дода, ӯро хурсанд кард.Хонадоршавӣ дар рӯзи ошиқонАммо Шукуфа ва Расул ном зану ҳамсар нисбати ин ид хотираи нек доранд ва мегӯянд, ки ҳамасола онро таҷлил мекунанд. Зеро онҳо 6 сол қабл маҳз дар ҳамин рӯз хонадор шуданд ва ҳоло соҳиби ду фарзанд ҳастанд.Шукуфа муддати 10 сол мешавад, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Бо ҳамсараш замони мактабхон будан дар Тоҷикистон шинос шуда, нисбати ҳамдигар меҳр пайдо карданд. Вале Расул ба қасди маълумоти олӣ гирифтан, тарки Тоҷикистон кард ва ба донишгоҳи шаҳри Санкт – Петербурги Русия дохил шуд. Шукуфа, ки имконияти маҳдудтар дошт ва натавонист шомили ягон донишкада шавад, аз ин рӯ, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифту ба шаҳри Маскав омад. Равобити ҳар дуи онҳо аз сар гирифта шуд ва Расул танҳо дар таҳтилҳои тобистона ва зимистона,агар назди волидони худ ба Тоҷикистон намерафт, он гоҳ ба Маскав меомад ва аз ҳолу аҳволи дӯстдоштааш бохабар мешуд.Посухи Шӯрои уламои Тоҷикистон ба Хайём дар бораи Рӯзи ВалентинШукуфа ба ёд меорад, ки дар Маскав ягон сол, Иди ошиқонро бидуни Расул таҷлил намекард ва ба ин сана махсус омодагӣ ва хурсандӣ мекард.Ӯ иқрор шуд, ки тӯҳфаҳои ӯ дар муқоиса бо армуғонҳои Расул қимату арзишмандтар буданд, зеро ӯ бештар ба таҳсил машғул буду, имкони маҳдудтари пул кор карданро дошт. Бо вуҷуди ин, ӯ гуфт барояш муҳим на тӯҳфаву гул, балки ҳузури худи дӯстдоштааш муҳим буд.Танҳо хоси дилдодаҳоМафтуна, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад ва ду фарзандро ҳамроҳ бо ҳамсараш тарбият мекунанд, мегӯяд ин рӯз танҳо хоси ду ҷуфт аст. Ӯ мегӯяд, Рӯзи ошиқонро ҳамроҳ бо шавҳари худ ҳамасола бидуни кӯдакон ва дигар пайвандон таҷлил мекунад.Ӯ мегӯяд, муқобили он аст, ки дар ин рӯз бояд барои кулли пайвандон армуғон харидорӣ кунад ва дар муҳити хонаводагӣ ҳамроҳ бо ҳамаи аъзоёни оила онро таҷлил кунад.Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аз ҳамсараш аслан гулу атр ва ҷавоҳироти тиллову нуқра мегирад. Худаш, ки зани хонашин аст, мегӯяд, ду - се моҳ қабл, барои харид намудани тӯҳфа маблағ ҷамъ мекунад ва ҳатман ягон чизи хотирмон мехарад.Чи гуна ҷавонписарону ҷавондухтарони замони Шӯравӣ ошиқӣ мекарданд- гузориши аксӣСирри тӯҳфаи омоданамудаи худро дар соли ҷорӣ ба мо ифшо карда гуфт, ки аксбардореро киро кардааст ва дар Рӯзи ошиқон танҳо ҳамроҳи шавҳари худ ба аксгирии "романтикӣ" мераванд.Рӯзи Валентин дар Тоҷикистон ҷашни расмӣ нест, аммо барои бисёре аз шаҳрвандон баёни муҳаббату ишқи худ ба дӯстдошта ва тақдими туҳфа дар ин рӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Одатан дар ин рӯз бозори гулу туҳфаҳо, аз ҷумла туҳфаҳои рамзӣ дар шакли дил гарм мешавад.
https://sputnik.tj/20170214/ruzi-oshiqon-shinosoi-bo-hamsar-1021690298.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102827/67/1028276784_0:68:1920:1274_1920x0_80_0_0_c4cdc477ec4d045ac0dcad3c57b870b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, рӯзи ошиқон
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, иҷтимоъ, рӯзи ошиқон
Кӣ зид ва кӣ ҷонибдор: Рӯзи ошиқон дар Тоҷикистон чӣ гуна таҷлил мешавад
17:30 12.02.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Ду рӯз пас Рӯзи Валентин ва ё Рӯзи ошиқон фаро мерасад. Дар Тоҷикистон агар як қисмат ҷонибдори ҷашн гирифтани ин сана бошанд, гурӯҳи дигар онро ҷашни бегона меҳисобанд
ДУШАНБЕ, 12 фев – Sputnik. Дар робита ба ин ид, назари се тоҷикистониро ин ҷо овардем, ки диду фаҳмиши онҳо нисбати Рӯзи Валентин ё Рӯзи ошиқон яксон нест.
Эҳсон ном корбари фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯяд, азбаски таърихи ин ид бештар ба дину миллати дигар марбут аст, аз ин рӯ барояш таҷлил кардани он чандон ҷолиб нест.
Аммо ӯ иқрор шуд, ки дар даври донишҷӯӣ ва мактабхонӣ, аҳён- аҳён аз Рӯзи ошиқон таҷлил мекард, вале баъдан барояш ин сана тамоман камтаваҷҷӯҳ шуд.
"Барои ошиқ ҳар рӯз, ҳар таваҷҷӯҳ ва ҳар табассуми маъшуқа ид аст ва онро ба як рӯз набояд махдуд кард", - мегӯяд Эҳсон.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, зиндагиро маҳз ишқу муҳаббат ва садоқату меҳрубонӣ рангин мекунад. Аз ин рӯ, ӯ гуфт, "ҳамсафари зиндагиро натанҳо рӯзи ошиқон бояд хурсанд кард, балки ҳар рӯзашро бояд ба ид табдил дода, ӯро хурсанд кард.
Хонадоршавӣ дар рӯзи ошиқон
Аммо Шукуфа ва Расул ном зану ҳамсар нисбати ин ид хотираи нек доранд ва мегӯянд, ки ҳамасола онро таҷлил мекунанд. Зеро онҳо 6 сол қабл маҳз дар ҳамин рӯз хонадор шуданд ва ҳоло соҳиби ду фарзанд ҳастанд.
Шукуфа муддати 10 сол мешавад, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунад. Бо ҳамсараш замони мактабхон будан дар Тоҷикистон шинос шуда, нисбати ҳамдигар меҳр пайдо карданд. Вале Расул ба қасди маълумоти олӣ гирифтан, тарки Тоҷикистон кард ва ба донишгоҳи шаҳри Санкт – Петербурги Русия дохил шуд.
Шукуфа, ки имконияти маҳдудтар дошт ва натавонист шомили ягон донишкада шавад, аз ин рӯ, роҳи муҳоҷиратро пеш гирифту ба шаҳри Маскав омад. Равобити ҳар дуи онҳо аз сар гирифта шуд ва Расул танҳо дар таҳтилҳои тобистона ва зимистона,агар назди волидони худ ба Тоҷикистон намерафт, он гоҳ ба Маскав меомад ва аз ҳолу аҳволи дӯстдоштааш бохабар мешуд.
Шукуфа ба ёд меорад, ки дар Маскав ягон сол, Иди ошиқонро бидуни Расул таҷлил намекард ва ба ин сана махсус омодагӣ ва хурсандӣ мекард.
"Расул ҳар сол дар ҳамин рӯз аз шаҳри Санкт – Петербург бо гулдаставу армуғон ба табрики ман меомад. То бегоҳ ҳамроҳ сайру гашт ва хурсандӣ мекардем. Бегоҳ бошад, Расулро боз аз вокзал гусел мекардам", - бо табассум ёдовар шуд аз он рӯзҳо Шукуфа.
Ӯ иқрор шуд, ки тӯҳфаҳои ӯ дар муқоиса бо армуғонҳои Расул қимату арзишмандтар буданд, зеро ӯ бештар ба таҳсил машғул буду, имкони маҳдудтари пул кор карданро дошт.
Бо вуҷуди ин, ӯ гуфт барояш муҳим на тӯҳфаву гул, балки ҳузури худи дӯстдоштааш муҳим буд.
Мафтуна, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад ва ду фарзандро ҳамроҳ бо ҳамсараш тарбият мекунанд, мегӯяд ин рӯз танҳо хоси ду ҷуфт аст. Ӯ мегӯяд, Рӯзи ошиқонро ҳамроҳ бо шавҳари худ ҳамасола бидуни кӯдакон ва дигар пайвандон таҷлил мекунад.
"Дар ин рӯз мард агар ҳамсар дошта бошад, ҳатман бо ҳамсараш ва агар дӯстдухтар дошта бошад, танҳо бо ӯ дар як фазои ошиқона бояд аз ин сана таҷлил кунад", - мегӯяд Мафтуна.
Ӯ мегӯяд, муқобили он аст, ки дар ин рӯз бояд барои кулли пайвандон армуғон харидорӣ кунад ва дар муҳити хонаводагӣ ҳамроҳ бо ҳамаи аъзоёни оила онро таҷлил кунад.
Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, аз ҳамсараш аслан гулу атр ва ҷавоҳироти тиллову нуқра мегирад. Худаш, ки зани хонашин аст, мегӯяд, ду - се моҳ қабл, барои харид намудани тӯҳфа маблағ ҷамъ мекунад ва ҳатман ягон чизи хотирмон мехарад.
Сирри тӯҳфаи омоданамудаи худро дар соли ҷорӣ ба мо ифшо карда гуфт, ки аксбардореро киро кардааст ва дар Рӯзи ошиқон танҳо ҳамроҳи шавҳари худ ба аксгирии "романтикӣ" мераванд.
Рӯзи Валентин дар Тоҷикистон ҷашни расмӣ нест, аммо барои бисёре аз шаҳрвандон баёни муҳаббату ишқи худ ба дӯстдошта ва тақдими туҳфа дар ин рӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Одатан дар ин рӯз бозори гулу туҳфаҳо, аз ҷумла туҳфаҳои рамзӣ дар шакли дил гарм мешавад.